“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд

Дар Русия як шаҳрванди Қирғизистонро барои шарҳе дар зери навори марбут ба бозпурсии гумонбарони ҳамла ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл”-и канори Маскав, ба се соли зиндон маҳкум намуданд. Додгоҳи ҳарбие дар Маскав шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон Абдинасира Уулу Бекзатро дар сафедкунии терроризм (қисми 2-и моддаи 205.2-и Кодекси ҷиноятии Русия) гунаҳгор эълон намуда, ба се соли […]

Asia-Plus

Дар Русия як шаҳрванди Қирғизистонро барои шарҳе дар зери навори марбут ба бозпурсии гумонбарони ҳамла ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл”-и канори Маскав, ба се соли зиндон маҳкум намуданд.

Додгоҳи ҳарбие дар Маскав шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон Абдинасира Уулу Бекзатро дар сафедкунии терроризм (қисми 2-и моддаи 205.2-и Кодекси ҷиноятии Русия) гунаҳгор эълон намуда, ба се соли зиндон маҳкум кард.

Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

“Абдинасира Уулу Бекзат, ки дар ширкати "Атриум" дар шаҳри Маскав кор мекард, дар содир кардани ҷиноят, ки мувофиқи қисми 2-и моддаи 205.2-и Кодекси ҷиноятии Русия (даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ бо истифодаи интернет) пешбинӣ шудааст, гунаҳкор дониста шавад. Ба ӯ ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати се сол дар колонияи ислоҳии низоми умумӣ таъин карда шавад", – зикр мегардад дар ҳукми додгоҳ.

Дар ҳукми додгоҳ зикр мешавад, ки ин шаҳрванди Қирғизистон дар моҳи апрели соли 2024 зери видеои марбут ба бозпурсиҳои аввалини гумонбарон дар таркиши "Крокус Сити Ҳолл" бо мазмуни зерин шарҳе нашр кардааст: “Красавчики, барои чунин ҳаракат рӯҳи бузург лозим аст, афсӯс, ки онҳо дастгир шуданд”.

Ин видеоҳо дар канали Telegram-и "Мигранты.ру" нашр шудаанд.

Додгоҳ инчунин ӯро барои ду сол аз маъмурияти сомонаҳо манъ кард ва телефони мобилие, ки бо он ҷиноят содир шуда буд, мусодира намуд. Илова бар ин, додгоҳ ҳукм кард, ки SIM-корти телефони ӯ, ки ҳангоми боздошт гирифта шуд, нобуд карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 22-юми марти соли 2024 рух дод. Бар асари он 146 нафар кушта ва 551 каси дигар захмӣ шудаанд.

Моҳи майи соли 2024 ХБФ-и Русия аз боздошти 20 нафар, аз ҷумла, гумонбарони ин ҳодиса ва ҳамдастони онҳо хабар дод. Баъдан дар моҳи октябр мақомоти рус эълом карданд, ки шохаи “ДОИШ-Хуросон” дар ин ҳамла даст доштааст.

Дертар Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия эълом кард, ки дар иртибот ба ин ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони амали террористиро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии  боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Ҳамчунин, чанде қабл Додситонии Истанбул (Туркия) барои панҷ шаҳрванди хориҷӣ, ки тибқи иттилои тафтишот, бо гумонбарони аслии ҳамлаи "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав дар тамос буданд, аз 7,5 то 15 соли зиндон талаб кард.

Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.