Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст

  Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба кормандони "Агроинвестбонк", ки соли 2022 боздошта шуда буд, дубора мавриди тафтиш қарор дода шудааст. Дар ин бора дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ахир иттилоъ доданд. Ин парванда қариб 5 сол пеш боз шуда, дар доираи он Муродалӣ Алимардон, роҳбари “Агроинвестбон” ва раиси […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба кормандони "Агроинвестбонк", ки соли 2022 боздошта шуда буд, дубора мавриди тафтиш қарор дода шудааст. Дар ин бора дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ахир иттилоъ доданд.

Ин парванда қариб 5 сол пеш боз шуда, дар доираи он Муродалӣ Алимардон, роҳбари “Агроинвестбон” ва раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, додари ӯ ва чанд корманди ин бонк бозпурсиву баъзеи онҳо боздошту муҷозот ҳам шуда буданд.

Бо гузашти қариб 3 сол аз боздоштани тафтиши ин парванда, Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишоти Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон, гуфт, айни замон парвандаи ҷиноятӣ дубора мавриди тафтиш қарор дода шудааст.

“Парванда бинобар аз тафтишот пинҳон шудани баъзе гумонбарон боздошта шуда буд. Ҳоло онҳо пайдо шудаанд, тафтишоти пешакӣ барои пурра барқарор кардани маблағи боқимондаи зарар дубора оғоз карда шуд ва рӯзҳои наздик маблағ пурра барқарор шуда, қарори ниҳоӣ қабул мегардад”, – гуфт Низомзода.

Аммо дар Оҷонсӣ бо баҳонаи зиёд будани теъдоди боздоштшудагон аз ошкор кардани ҳуввият ё мақоми аз боздошт пинҳоншудагон худдорӣ карданд.

Бояд гуфт, парвандаи “Агроинвестбонк” ҳанӯз соли 2019 оғоз шуда буд ва дар пайванд ба он кормандону роҳбарони бонк дастгиру бозпурсӣ гардиданд. Соли 2021 дар пайванд ба ин парванда Парда Алимардонов, раиси ширкати “Баракат”, ки бародари Муродалӣ Алимардонов, роҳбари ин бонк буд, барои тасарруфи зиёда аз 90 млн сомонӣ дастгир шуда, пас аз баргардони маблағ озод гардид. 

Ҳамчунин дар доираи қазияи "Агроинвестбонк" раиси пешини ин бонк Фаррух Тағоймуродов ҳам боздошт шуда буд, ки ба додани бештар аз 37 миллион сомонӣ қарзи ғайриқонунӣ гунаҳкор мешуд. Тағоймуродов соли 2021 баъди баргардонидани ин маблағ аз маҳбас озод шуда буд.

Пештар аз ин, соли 2019 Оҷонсии зидди фасод хабар дода буд, ки Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк"-ро ҳам бозпурсӣ карда буданд. Ӯ дар робита ба пули қарз ҳамчун шоҳид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд.

Муродалӣ Алимардонов дар гузашта раиси Бонки Миллӣ, муовини аввали нахуствазир ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон буд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфта буд, дар баробари ширкати "Баракат" масъулини ширкатҳои "Хима", "Холдинги ганҷ", "Хуҷанд инвест котон" ва “Котон текстайл" низ дар истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои қарзии "Агроинвестбонк" даст доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.