Сарвазири Қирғизистонро ба сохтмони НБО Роғун бурданд

Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон дар доираи сафари кории якрӯзаи худ ба Тоҷикистон дирӯз, 4-уми март як ҷо бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз раванди сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун боздид кардааст. Хабаргузории давлатии “Ховар” менависад, ки раиси Девони вазирони Қирғизистон ба омӯзиши таҷрибаи сохтмони НБО “Роғун”, ки метавонад барои татбиқи лоиҳаи НБО  Қамбарота-1 […]

Asia-Plus

Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон дар доираи сафари кории якрӯзаи худ ба Тоҷикистон дирӯз, 4-уми март як ҷо бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз раванди сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун боздид кардааст.

Хабаргузории давлатии “Ховар” менависад, ки раиси Девони вазирони Қирғизистон ба омӯзиши таҷрибаи сохтмони НБО “Роғун”, ки метавонад барои татбиқи лоиҳаи НБО  Қамбарота-1 дар Қирғизистон муфид бошад, таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Қосималиев гуфтааст, таҷрибае, ки дар рафти сохтмони НБО “Роғун” ҳосил шудааст, барои онҳо арзиши бузург дорад.

“Омӯзиши технология ва усулҳои дар ин ҷо бакоргирифташуда бешубҳа ба мо дар татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳи Қамбарота-1-1, ки барои амнияти энергетикии кишварамон ва тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, мусоидат хоҳад кард", – зикр кардааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Одилбек Қосималиев дирӯз ба Тоҷикистон омад ва бо Қоҳир Расулзода мулоқот карда, дар ҷаласаи васеи ҳайати ду кишвар иштирок намуд.

Сомонаи Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки зимни ин мулоқот дурнамои рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар баррасӣ гардидаанд.

“Ҷонибҳо зарурати аз сар гирифтани парвозҳои мустақим байни Қирғизистону Тоҷикистонро омили муҳими густариши равобити дуҷониба арзёбӣ карданд”, – навишт сомонаи Девони вазирони Қирғизистон.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаи то 500 миллион доллар афзоиш додани гардиши мол миёни ду кишвар то соли 2030-юмро баррасӣ кардаанд.

Гуфта шудааст, ки яке аз масъалаҳои асосие, ки дар музокирот баррасӣ гардидааст, ин раванди омодагӣ ба нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро, ки қарор аст 31-уми март дар Хуҷанд баргузор гардад, будааст.

Дар музокирот Одилбек Қосималиев азми Девони вазирони Қирғизистонро барои идомаи кори фаъолонаи муштарак бо ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати амиқтар кардани муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид кардааст.

“Мехоҳам таъкид намоям, ки Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон ба идомаи кори муштарак бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои иқтисодӣ устувор аст”, – гуфтааст Қосималиев.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти иқтисод имкони таъсиси Шӯрои байниҳукуматиро таҳти раёсати сарони ҳукуматҳои ду кишвар баррасӣ кардаанд. Дар музокирот ҳамчунин ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дастгирӣ ва оммавӣ кардани мероси эҷодии халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон таъкид гардидааст.

Зимнан ҳайатҳои ду кишвар дурнамои ҳамкориҳои энергетикӣ ва имкониятҳои нави содироти нерӯи барқ ​​дар минтақаро таҳлил карда, татбиқи лоиҳаи стратегии “CASA-1000”-ро муҳим арзёбӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.