Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе

Asia-Plus

Пулиси Душанбе алайҳи панҷ фурӯшанда барои беасос баланд бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ боз карда, онҳоро ҷарима кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, милитсия дар пайи санҷиш дар бозор ва марказҳои савдо худсарона боло бурдани нархи маҳсулоти хурокворӣ, махсусан болоравии нархи гӯштро мушоҳида кардааст.

“Аз ҷумла, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Ҷалилов Абдуғаффор, Келдияров Бобоҷон, Исмоилов Исомиддин, Каримов Аҳад ва Раҳимзода Азиз, ки дар маркази савдои “Баҳор”, “Садбарг” ва хиёбони Рӯдакӣ дукони гушт доранд, худсарона нархро қиммат кардаанд. Нархномаи гушт дар дукони онҳо 75-сомонӣ навишта шудааст, вале ба шаҳрвандон як килограмми онро аз 95 то 100 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд”, – навиштааст РВКД дар пойтахт.

Мақомот алайҳи ин 5 нафар барои беасос баланд бардоштани нархҳо (моддаи 555 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.

Ин банди қонунгузорӣ барои соҳибкороне, ки бо панет фаъолият мекунанд аз 1500 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои шахсони мансабдор аз 3750 то 4,5 ҳазор сомонӣ (аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, аз 4,5 ҳазор сомонӣ то 6 ҳазор сомонӣ (аз 60 то 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 ҳазор сомонӣ то 225 ҳазор сомонӣ (аз 2  то 3 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима пешнибнӣ кардааст.

Назари худи ин дӯкондорон дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Пулиси Душанбе мегӯяд, баргузории “амалиётҳои санҷишӣ минбаъд низ идома медиҳад”.

Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод қаблан аз тоҷирону соҳибкорон хоста буд, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набаранд. Онҳо гуфта буданд, ки дар акси ҳол, нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешида мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон тоҷирон нарху молу маҳсулотро дар бозорҳо боло мебаранд, ки ба нигаронии аҳолӣ боис мегардад. Бахусус, маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили гӯшт, сабзавоту мева гарон мешаванд. Имсол низ бо шуруъи моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввал гарон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...