Мақомот боз чанд фурӯшандаи дигарро барои боло бурдани нархи гӯшт ҷазо додаанд

Date:

Пулиси Душанбе бар зидди панҷ фурӯшандаи дигар барои боло бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ карда, онҳоро ҷарима кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мақомот дар пайи санҷишҳо боз чанд далели дигаре, ки фурӯшандаҳо гӯштро аз нархи муайяншуда қиммат фурӯхтаанд, маълум кардаанд.

“Аз ҷумла, шаҳрвандон Зокиров Хайриддин, Диллоев Меҳроб, Ҳоҷиев Шамсиддин, Файзуллоев Бурҳониддин ва Олимзода Бузургмеҳр, ки ба фурӯши гӯшт машғуланд, бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ нархро қиммат намуда, ба қонуншиканӣ даст задаанд”, – навиштааст Раёсати ВКД дар пойтахт.

Мақомот алайҳи онҳо барои беасос баланд бардоштани нархҳо (моддаи 555- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ кардаанд.

Ин банди қонунгузорӣ барои соҳибкороне, ки бо панет фаъолият мекунанд аз 1 ҳазору 500 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои шахсони мансабдор аз 3 ҳазору 750 то 4 ҳазору 500 сомонӣ (аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, аз 4 ҳазору 500 сомонӣ то 6 ҳазор сомонӣ (аз 60 то 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 ҳазор сомонӣ то 225 ҳазор сомонӣ (аз 2  то 3 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима пешнинӣ мекунад.

Назари худи фурӯшандаҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, ки мақомот чанд рӯз қабл низ алайҳи панҷ фурӯшанда барои беасос баланд бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ боз карда, онҳоро ҷарима карда буд. Мақомот гуфта буданд, ки фурӯшандаҳо нархномаи гуштро 75-сомонӣ навишта, вале ба шаҳрвандон як килограмми онро аз 95 то 100 сомонӣ мефурӯхтаанд.

Ёдрас мешавем, ки Раёсати ВКД дар пойтахт қаблан аз тоҷирону соҳибкорон хоста буд, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набаранд. Мақомот гуфта буданд, ки дар акси ҳол, нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешида мешаванд.

Бояд гуфт, ки  ҳамасола пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон тоҷирон нарху молу маҳсулотро дар бозорҳо боло мебаранд, ки ба нигаронии аҳолӣ боис мегардад. Бахусус, маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили гӯшт, сабзавоту мева гарон мешаванд. Имсол низ бо шуруъи моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввал гарон шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...