Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд

Дар вохӯрии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо муовини вазири энергетикаи Қирғизистон Назгул Усенова масоили мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати интиқоли барқ дар доираи Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000 баррасӣ шуданд. Тавре ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот зикр шудааст, ки дар муҳлатҳои наздик хатти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар вохӯрии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо муовини вазири энергетикаи Қирғизистон Назгул Усенова масоили мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати интиқоли барқ дар доираи Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000 баррасӣ шуданд.

Тавре ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот зикр шудааст, ки дар муҳлатҳои наздик хатти интиқоли барқи 500 кВ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз зеристгоҳи барқии «Суғд-500» то зеристгоҳи барқии «Датка» ба истифода дода мешавад.

“Изҳори итминон шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ густариш ёфта, ба сатҳи нав мебарояд”, – омадааст дар хабари Вазорат.  

Қобили зикр аст, ки хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд” дар доираи лоиҳаи CASA-1000 сохта шуд.

Дар лоиҳаи Central Asia – South Asia-1000 (CASA-1000) сохтмони хати фаромарзии интиқоли барқ пешбинӣ шудааст, ки тариқи он интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар аст.

Маросими расмии оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои чор кишвари иштирокчии лоиҳа баргузор шуд. Маблағи сохтмони хати интиқоли барқ бо масофаи умумии 1,4 ҳазор километр дар маҷмӯъ ҳудуди 1,2 млрд долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи ҶТ, корҳои сохтмони лоиҳа дар қитъаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аллакай ба охир расида, ҷиҳати пайваст ба шабакаи минтақавӣ омодаанд. Анҷоми лоиҳа дар қисмати Афғонистон ва оғози истифодаи он дар соли 2026 дар назар аст.

Мувофиқи қарордодҳои имзошуда байни давлатҳои иштирокчии лоиҳа дар муддати 10 соли баъди ба истифода додани CASA-1000 интиқоли барқ аз Тоҷикистон танҳо дар давраи тобистон – аз моҳи май то сентябр сурат мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.