Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба “идгардак” нафиристанд

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз волидайн хостааст, ки дар Иди Рамазон ва Иди Қурбон кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд. Дар ин бора муроҷиатномаи ин ниҳод ба нашр расидааст.  Дар он гуфта мешавад, ин тадбир баҳри пешгирии ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ бо иштироки ноболиғон, бедарак шудан ва бе назорат гузоштани онҳо равона шудааст. “Аз ин рӯ, аз муҳтарам волидон […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз волидайн хостааст, ки дар Иди Рамазон ва Иди Қурбон кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд. Дар ин бора муроҷиатномаи ин ниҳод ба нашр расидааст

Дар он гуфта мешавад, ин тадбир баҳри пешгирии ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ бо иштироки ноболиғон, бедарак шудан ва бе назорат гузоштани онҳо равона шудааст.

“Аз ин рӯ, аз муҳтарам волидон (шахсони онҳоро ивазкунанда) хоҳиш мешавад, ки дар рӯзҳои таътили баҳорӣ фарзандонро бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб намуда, онҳоро назорат кунанд. Ба волидон тавсия дода мешавад, ки дар ин давраи идҳо ба бехатарии фарзандони худ ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир кунанд”, – зикр мешавад дар муроҷиати Раёсат.

Ҳамчунин, ин ниҳод гуфтааст, ки дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон оростани дастархонҳо бо хӯроку шириниҳои зиёд, тақдими туҳфа ва дигар ҳадяҳо ба кӯдакон манъ аст.

Таъкид мешавад, ки ин маҳдудият дар моддаи 9, банди 2-и қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон” муқаррар шудааст.

Дар рӯзҳои идҳои мусулмонии Рамазон ва Қурбон кӯдакон аз субҳ ба хонаи хешовандону ҳамсояҳо рафта, аз онҳо туҳфа мегиранд. Ин маросим “идгардак” ном дорад.

Дар Тоҷикистон идгардаки кӯдакон расман манъ аст. Дар иҷлосияи 18-уми палатаи болоии парлумон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ рӯзи 19 июни соли 2024 ваобаста ба ин масъала ба қонун тағйирот ворид шуд.

Моҳи апрели соли гузашта Вазорати маориф ба ҳамаи мактабҳо мактуби расмӣ фиристода, дар он аз омӯзгорон даъват шуд, ки ҷиҳати пешгирии идгардаки кӯдакон тадбирҳо андешанд. Волидони баъзе толибилмон хабар доданд, ки аз онҳо дар ин бора ҳатто баёнот гирифтаанд.

Чанд сол пеш Шӯрои уламои Тоҷикистон “идгардак”-ро мухолифи меъёрҳои шариат ва мазҳаби ҳанафия эътироф намуда, таъкид дошт, ки дар дини ислом чунин маросим нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.