Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст

Пулиси Душанбе аз бозошти Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” ва собиқ муовини гурӯҳи “Авангард” бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” хабар дод. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе имрӯз, 20-уми март, бо нашри як иттилоия гуфт, Додихудо Шарифзода, сокини 24-солаи ноҳияи Деваштич, бо як духтари ҳанӯз шонздаҳ сола нашуда аз моҳи ноябри […]

Asia-Plus

Пулиси Душанбе аз бозошти Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” ва собиқ муовини гурӯҳи “Авангард” бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” хабар дод.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе имрӯз, 20-уми март, бо нашри як иттилоия гуфт, Додихудо Шарифзода, сокини 24-солаи ноҳияи Деваштич, бо як духтари ҳанӯз шонздаҳ сола нашуда аз моҳи ноябри соли 2024 ба ин тараф “алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидошта” анҷом додааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, номбурда “боз нисбати 3 нафар ноболиғ ва занони дигар ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст”.

Маълум нест, ки боздоштшуда ва наздикону пайвандони оид ба ин иттиҳом чӣ назар доранд. Пулис ҳам ҷузъиёти бештар надодааст.

Мақомот гуфтаанд, ки бар зидди ӯ бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” (моддаи 141 КҶ) парванда оғоз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 2 то 5 соли зиндон, ҳамзамон, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ҷазо пешбинӣ мекунад. Пулис мегӯяд, Додихудо Шарифзода дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва парвандааш ба додгоҳ ирсол шудааст. 

Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” буд. Ин созмон солҳои охир озмуни “100 чеҳраи муваффақ”-ро баргузор мекард ва ба мансабдорону варзишгарон, блогерону рӯзноманигорон ва дигар чеҳраҳои шинохта ҷоиза медод.

 

Ҳамчунин, Додихудо Шарифзода қаблан узв ва муовини роҳбари “Авангард”, як гурӯҳи ҷамъиятие, ки гуфта мешавад, пуштибонӣ он ВКД аст (ҳарчанд ВКД инро рад кардааст), муаррифӣ мешуд.  

“Авангард” созмони сабтиномнашудаест, ки роҳбарони он иддаъо мекарданд, беш аз 22 ҳазор аъзо доранд.

Аъзоёни ин гурӯҳ дар ибтидо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳкунии ҷавонон барои напайвастан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ машғул буданд, вале баъдҳо дар корҳои сиёсӣ низ ҳамроҳ шуданд.

Аз ҷумла намояндаҳои ин гуруҳ борҳо дар назди сафоратхонаҳову созмонҳои муқими Душанбе бо ҳадафи бозгардонии мухолифин ва пуштибонӣ накардани кишварҳои хориҷӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки мақомот дар содир кардани ҷиноятҳо муттаҳам медонад, эътироз кардаанд. Ҳамчунин намояндагони ин гуруҳро бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва озодандешон дар ҳамлаҳои расонаӣ ё троллинг муттаҳам мекунанд.

Вазорати корҳои дохилӣ соли 2021 эълон карда буд, ки баъди баҳсҳои зиёд дар дар атрофи ин гурӯҳ онро барҳам медиҳад. Аммо дар саҳифаҳои ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки аъзоёни “Авангард” то ҳол фаъолият мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио