ВКД гуфтааст гуруҳи “Авангард”-ро барҳам медиҳад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон субҳи барвақти 1-уми апрел дар як изҳороти фаврӣ гуфтааст, ки баъди баҳсҳои зиёд дар дар атрофи гуруҳи “Авангард” ин гуруҳро барҳам медиҳад. Ин изҳороти ғайриинтизори ВКД-ро торнамои ин ниҳод имрӯз, якуми апрел нашр кардааст. Гуруҳи “Авангард”, ки фаъолиятҳои он дар Тоҷикистон сару садоҳои зиёдро ба бор овардааст, чанд сол пеш ба унвони […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон субҳи барвақти 1-уми апрел дар як изҳороти фаврӣ гуфтааст, ки баъди баҳсҳои зиёд дар дар атрофи гуруҳи “Авангард” ин гуруҳро барҳам медиҳад. Ин изҳороти ғайриинтизори ВКД-ро торнамои ин ниҳод имрӯз, якуми апрел нашр кардааст.

Гуруҳи “Авангард”, ки фаъолиятҳои он дар Тоҷикистон сару садоҳои зиёдро ба бор овардааст, чанд сол пеш ба унвони як ҳаракати ҷамъиятӣ бо пуштибонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  таъсис шудааст.

ВКД гуфтааст, ки ин тасмимро дар пайи шиокяти зиёди сокинон ва фаъолони ҷомеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ва ҳамчунин шикоятҳои мустақим ба худи ин ниҳод гирифтааст.

Ҳамчунин як манбаъи наздик ба ВКД ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин тасмими ВКД баъди баъи изҳори назари Вазорати адля дар бораи бидуни сабти ном фаъолият кардани “Авандгард” гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ дар болоҳо гуфтаанд, ки “чӣ гуна як гуруҳе, ки мардум ва сокинонро ба риояи қонун ва даст назадан ба ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо даъват мекунад, худ берун аз расмиёти қонун фаъолият мекунад”.

Гуруҳи “Авангард” дар ибтидои таъсисаш гуфта мешуд барои корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳкунии ҷавонон барои напайвастан ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ташкил шудааст, баъдҳо дар корҳои сиёсиӣ низ ҳамроҳ шуд.

Аз ҷумла намояндаҳои ин гуруҳ борҳо дар назди сафоратхонаҳову созмонҳои муқими Душанбе бо ҳадафи бозгардонии мухолифин ва пуштибонӣ накардани кишварҳои хориҷӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки мақомот дар содир кардани ҷиноятҳо муттаҳам медонад, эътироз кардаанд. Ҳамчунин намояндагони ин гуруҳро бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва озодандешон дар ҳамлаҳои расонаӣ ё троллинг муттаҳам мекунанд.

Намояндаҳои ин гуруҳ дар ҳайати тимҳои расмии тарғиботии ҳукуматӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷӣ кишвар сафар мекарданд ва дар Тоҷикистон борҳо аксҳояшон дар минбарҳои маҷлисгоҳҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ ва масҷидҳо нашр шудааст.

Аз сӯйи дигар раҳбарон ва намояндаҳои ин гуруҳ бо нашри аксҳояшон ҳамроҳ бо афсарони баландпояи ВКД ва ШВКД-ҳо дар маҳалҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сару садоҳои зиёде ба бор оварда буданд. Аз ҷумла дар ин аксҳо дида мешуд, ки дар ноҳияҳо ҳукуматҳои маҳаллӣ инҳоро ба мисли сафарҳои расмӣ бо ташрифот ва нону намаку шеърхонии духтарон пешвоз мегирифтаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъи мо, ҷанҷоли ду раҳбари ин гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, барои раисӣ низ яке аз сабабҳои қатъи фаъолияти ин гуруҳи пурсару садо дар Тоҷикистон шудааст. 

Охири соли гузашта ин гуруҳ эълон карда буд, ки дар ноҳияи Дӯстии вилоятии Хатлон мактаб месозанд, вале баъдан мудири ин мактаб ин изҳороти груҳуи "Авандгард"-ро бепоя хонд ва гуфт мактабаро сокинони деҳа ва падару модари хонандагон месозанд. 

Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи ханда ҷашн гирифта мешавад – мо ҳам истисно нестем).

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио