Бег Сабур: “Ин шармандагист! Суръати интернетро 20 маротиба зиёд кунед!”

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа супориш дод, ки суръати иқтидори вуруди шабакаи интернети берунаи Тоҷикистон 20 маротиба – то 100 Гигабит/с зиёд карда шавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти алоқа имрӯз, 1 апрел. Зимни ҷаласаи ахири Хадамоти алоқа чунин супориш дода шудааст. “Шумо виҷдон доред? Чанде пеш ман смартIphone харидам ва ҷиҳати […]

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа супориш дод, ки суръати иқтидори вуруди шабакаи интернети берунаи Тоҷикистон 20 маротиба – то 100 Гигабит/с зиёд карда шавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти алоқа имрӯз, 1 апрел.

Зимни ҷаласаи ахири Хадамоти алоқа чунин супориш дода шудааст.

“Шумо виҷдон доред? Чанде пеш ман смартIphone харидам ва ҷиҳати боргирии (скачать) як барнома барои хондани китобҳои электронӣ ва ду китоб ним соат вақт рафт. Ин шармандагист, ин хел кор намешавад. Ба шумо як моҳ муҳлат, то ки суръатро 20-30 маротиба зиёд кунед!”, – овард манбаъ гуфтаҳои Бег Сабурро.

Роҳбари Хадамот зикр кард, ки ҳангоми баргузории хатҳои нав ба инобат гирифтани релйеф зарур буда, ба ҳеҷ ваҷҳ хатҳои заминӣ гузаронида нашавад.

Ёдрас мекунем, ки айни замон суръати иқтидори вуруди шабакаи интернети берунаи Тоҷикистон ҳудуди 5 Гигабит/с-ро ташкил медиҳад.

Роҳбари Хадамот таъкид дошт, ки агар дар пойтахт суръати интернет ва сифати алоқа то андозае хуб бошад, дар минтақаҳо вазъият бамаротиб бадтар аст.

“Ман тез-тез ба Кӯлоб меравам ва дар роҳ алоқаи мобилӣ гум мешавад. Дар Кӯлоб суръати интернет аз гашти сангпушт ҳам бадтар аст”, – изҳор дошт Сабур.

Ӯ ҳамчунин масъалаи гарон будани истифодаи интернетро ба миён гузошта, дастур дод, ки дар ин самт чораҳои дахлдор андешида шавад.

“Ба ман рейтинги ҷаҳониро нишон доданд, ки аз рӯйи нархи интернет байни ҳамаи кишвраҳои дунё мо дар мақоми 154-ум қарор дорем. Кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон бошад, дар зинаи сеюм ҷойгир аст. Мо аз онҳо чӣ камӣ дорем? Ба мо чӣ намерасад? Охир чанд соле пеш мо пешсафи минтақа дар ин самт будем! Фикр кунеду роҳи ҳалли масъаларо ёбед”, – афзудааст Бег Сабур.

Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи ханда ҷашн гирифта мешавад – мо ҳам истисно нестем).

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.