Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.

Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, ки 34 нафари онҳо зан ва 663 каси дигар мард ҳастанд. Дар миёни озодшудаҳо 3 нафарашон ноболиғ будаанд. Номи онҳое, ки озод шудаанд, маълум нест. “Маҳбусон ва маҳкумшудагон субҳи имрӯз аз муассисаи ислоҳии низоми пурзӯр, муассисаи тарбиявии ноболиғон ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаҳои ислоҳии […]

Asia-Plus

Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, ки 34 нафари онҳо зан ва 663 каси дигар мард ҳастанд. Дар миёни озодшудаҳо 3 нафарашон ноболиғ будаанд.

Номи онҳое, ки озод шудаанд, маълум нест.

“Маҳбусон ва маҳкумшудагон субҳи имрӯз аз муассисаи ислоҳии низоми пурзӯр, муассисаи тарбиявии ноболиғон ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаҳои ислоҳии низоми сахт ва муассисаи муолиҷавӣ дар шаҳри Ваҳдат, муассисаҳои ислоҳии низоми сахт ва низоми пурзӯр, инчунин тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи ислоҳии низоми умумӣ дар ноҳияи Ёвон, муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак ва тавқифгоҳи тафтишотӣ дар шаҳри Бохтар ба озодӣ баромаданд”, – навиштааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта 200 зиндонӣ, бо шумули 53 зан ва 147 мард аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод шуда буданд.

Озодии ҳамаи онҳое, ки дар ин ду рӯз аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шуданд, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми март имзо кард, татбиқ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон "бахшида ба ҷашни Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон" фармонеро имзо кард, ки тибқи он 897 зиндонӣ, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин ҳабс шудаанд, аз зиндон озод мешаванд.

Бори охир соли 2021 дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ авфи саротосари эълон шуда буд, ки он 16 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда ва зиндониро фаро гирифта буд.

Тибқи иттилои расмӣ, то моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 13,5 ҳазор нафар нигоҳдорӣ мешуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.