Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард

Бюрои федералии тафтишотии Амрико (FBI) 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии ҳукумати Толибонро* бекор кардааст. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар дода, навиштаанд, ки бо вуҷуди ин номи ин мақомдори баландпояи Толибон аз феҳристи нафарони таҳти таъқиби FBI ба унвони “террористи ҷаҳонӣ” ҳазф нашудааст. Ин ниҳоди амрикоӣ дар ин маврид ҷузъиёт надодааст. […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Бюрои федералии тафтишотии Амрико (FBI) 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии ҳукумати Толибонро* бекор кардааст.

Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар дода, навиштаанд, ки бо вуҷуди ин номи ин мақомдори баландпояи Толибон аз феҳристи нафарони таҳти таъқиби FBI ба унвони “террористи ҷаҳонӣ” ҳазф нашудааст.

Ин ниҳоди амрикоӣ дар ин маврид ҷузъиёт надодааст.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷаи Амрико номи Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва ду тан аз раҳбарони дигари аршади шабакаи Ҳаққонӣ – Абдулазиз Ҳаққонӣ ва Яҳё Ҳаққониро аз феҳристи рӯйхати нафарони таҳти таъқиби Амрико ё “Подош барои адолат” пок карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба расонаҳо гуфтааст, ки Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва ду узви дигари шабакаи Ҳаққонии Толибон аз назари Амрико то ҳол террористони ҷаҳонӣ ва шабакаи Ҳаққонӣ созмони террористӣ шинохта мешаванд.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии Толибон пас аз Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари ин гурӯҳ қудратмандтарин нафари Толибон дониста мешавад. Ӯ раҳбари шабакаи Ҳаққонии Толибонро ҳам бар уҳда дорад.

Дар бораи ҳазфи афроди Толибон аз рӯйхати нафарони таҳти таъқиби Амрико ва бекор кардани ҷоизаҳо бар сари онҳо бори аввал худи Толибон ба расонаҳо хабар дода буданд.

Ин иқдоми Амрико дар ҳоле анҷом мешавад, ки рӯзи ҷумъа, 21-уми март ин гурӯҳ як шаҳрванди амрикоӣ бо номи Ҷорҷ Голзманро аз зиндон озод карданд.

Ҳамчунин, чанд рӯз пеш як ҳайати амрикоӣ, аз ҷумла Залмай Халилзод, намояндаи собиқи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон ва намояндаи ҳукумати Трамп дар умури зиндониён ба Кобул омада, бо бархе аз мақомоти Толибон мулоқот кардааст.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ дар соли 2008 аз сӯи Амрико "террористи ҷаҳонӣ" шинохта шуда, дороиҳои ӯ таҳти таҳрим қарор гирифта буд.  Амрико Сироҷиддин Ҳаққониро ба тарроҳии даҳҳо ҳамла ба сарбозони ин кишвар, аз ҷумла, ба ҳамлаи моҳи январи соли 2008 ба меҳмонхонаи “Серена” дар Кобул, ки як шаҳрванди амрикоӣ дар он кушта шуда буд, муттаҳам медонист. Ин кишвар барои боздошт ва ё кумак дар дастгир кардани Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва аъзои хонводаи ӯ аз 5 то 10 миллион долларӣ ҷоиза таъин карда буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио