Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд

Пулис 4 мардро дар Душанбе боздошт кардааст, ки ба қавли мақомот, онҳо худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз сокинон бо роҳи шатаж пул гирифтаанд. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе имрӯз, 27-уми март бо нашри як иттилоия аз онҳо С.С., Р.С., С.У. ва Ю.А. ном бурда, гуфт, ҳамаашон сокинони пойтахтанд. “Номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ гурӯҳи […]

Asia-Plus

Пулис 4 мардро дар Душанбе боздошт кардааст, ки ба қавли мақомот, онҳо худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз сокинон бо роҳи шатаж пул гирифтаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе имрӯз, 27-уми март бо нашри як иттилоия аз онҳо С.С., Р.С., С.У. ва Ю.А. ном бурда, гуфт, ҳамаашон сокинони пойтахтанд.

“Номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ гурӯҳи ҷиноятиро созмон дода, худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо далелҳои сохта шаҳрвандонро дастгир ва барои паҳн насохтани маълумотҳои беобрукунанда аз онҳо маблағҳои гуногуни пулӣ талаб карда гирифтаанд”, –  омадааст дар хабари ин ниҳод.

Мақомот мегӯнд, то кунан 3 далели тамаъҷӯии боздоштшудаҳо ошкор шудаааст. Ҳамчунин, ин ниҳод аз  шаҳрвандон хоҳиш кардаас, ки агар аз ин мардҳо ҷабр дида бошанд, метавонанд тавассути рақамҳои 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат кунанд.

Маълум нест, ки худи онҳо дар ин робита чӣ назар доранд.

Аз РВКД дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, бар зидди онҳо бо гумони тамаъҷӯӣ (моддаи 250 КҶ) парванда оғоз шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ аз 5 то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки мақомот  чанд рӯз пеш ҳам се ҷавонро, ки гуфта мешуд, худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул гирифтаанд, дастгир карда буданд. Ба гуфтаи пулис, онҳо бо роҳи зӯроварӣ аз як шаҳрванд 9 ҳазор сомонӣ ва аз нафари дигар 2 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, онҳоро латукӯб кардаанд.

Назари худи онҳо ё пайвандонашон маълум набуд.

Пулия гуфта буд, ки алайҳи ин се нафар бо иттиҳоми “ғоратгарӣ” (моддаи 248 КҶ) парванда оғоз гардидааст. Вале дигар иттилоъе нашр нашуд, ки ин қазия то куҷо расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.