Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард

Имрӯз, 1-уми апрел дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) муҳокимаи шикояти кассатсионии маҳкумшудаҳо дар доираи  парвандаи “табадуллоти давлатӣ” оғоз гардид. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи масъули маркази матбуотии ин ниҳод, баррасии зинаи кассатсионӣ соати 10:00 оғоз гардид ва то ҳол идома дорад. Як манбаъи огоҳ аз рафти […]

Asia-Plus

Имрӯз, 1-уми апрел дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) муҳокимаи шикояти кассатсионии маҳкумшудаҳо дар доираи  парвандаи “табадуллоти давлатӣ” оғоз гардид. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи масъули маркази матбуотии ин ниҳод, баррасии зинаи кассатсионӣ соати 10:00 оғоз гардид ва то ҳол идома дорад.

Як манбаъи огоҳ аз рафти мурофиа гуфт ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳамаи маҳкумшудагон ва вакилони дифои онҳо дар муҳокимаи зинаи кассатсионӣ ширкат доранд.

“Пайвандони маҳкумшудаҳо ба толори додгоҳ роҳ наёфтанд ва дар берун интизорӣ мекашанд”, – гуфт манбаъи мо.

Рӯзи 20-уми феврал аз Додгоҳи олӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ ба зинаи кассатсионӣ шикоят кардаанд.

Дар доираи парвандаи “табаддулоти давлатӣ” 9 кас, аз ҷумла 1 вакили собиқи парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон рӯзи 5-уми феврал зиндонӣ гардиданд:

– Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;

– Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;

– Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол зиндон;

– Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон – 19 сол зиндон;

– Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон – 18 сол зиндон ва қисман мусодираи амвол;

– Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони варзида ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол зиндон;

– Нураҳмад Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;

– Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати ВКХ – 17 сол зиндон;

– Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол зиндон.

Аксари онҳо ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” муттаҳам шудаанд.

Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Рӯзи 14-уми июни соли 2024 Юсуф Раҳмон, додситони кул як зимни ҷаласаи парлумон гуфт, ки бар зидди Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Баъд аз ин яке паси дигар, чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев боздошт шуданд.

Юсуф Раҳмон дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки боздошти аксари ин онҳо ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад.

Баъдтар маълум шуд, ки дар доираи ин парванда рӯзноманигори ҷавон Рухшона Ҳакимов низ бозпурсӣ шудаву алайҳаш парванда боз шудааст, аммо бо сабаби доштани кӯдаки ширхор ӯ дар озодӣ боқӣ мондааст. Вале баъдӣ эълони ҳукм ӯ ба ҳабс гирифта шуд.

Мурофиаи аввали онҳо рӯзи 14-уми ноябр баргузор шуд ва ҳамаи ин раванд беш аз 6 моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста ҷараён гирифт. Ҳамаи онҳо рӯзи 5-уми феврали соли равон аз 8 то 27 сол раовнаи зиндон шуданд.

Шарҳи расмии Додгоҳ олӣ дар робита ба ин парвандаро, дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио