Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст

Гурӯҳи мухлисони дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки ба футболбозони ин даста аллакай 4 моҳ боз маошашон пурра пардохт намешавад. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ аз ин даста чунин хабарҳо мерасиданд. “Аллакай аз оғози мавсим ҳамаи бозингарони “Хуҷанд” аллакай ҷароҳат гирифтаанд! Хатогиҳо дар даъвати бозингарон аз дигар дастаҳо (трансфер), пардохт нашудани […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Гурӯҳи мухлисони дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки ба футболбозони ин даста аллакай 4 моҳ боз маошашон пурра пардохт намешавад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ аз ин даста чунин хабарҳо мерасиданд.

“Аллакай аз оғози мавсим ҳамаи бозингарони “Хуҷанд” аллакай ҷароҳат гирифтаанд! Хатогиҳо дар даъвати бозингарон аз дигар дастаҳо (трансфер), пардохт нашудани маош аз моҳи декабр то имрӯз, ба чунин мушкилиҳо сабаб мешаванд. Истеъфо ба назар мерасад. Аз 3 бозӣ 0 хол, вақти ба истеъфо рафтани ҳама фаро расидааст!”, – менависанд мухлисони даста.

Ғайр аз ин, рӯзи шанбе, 29 март ҳамаи футболбозони “Хуҷанд” ба Федератсияи футболи Тоҷикистон рафтаанд, лекин онҳоро қабул накарда, гуфтаанд, ки рӯзи истироҳат аст. Акнун футболбозон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаи пардохти маош барои муроҷиат бо даъво ба ФИФА омодагӣ мегиранд.

“Дар худи даста ин масъаларо ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд. Дар ҳама гуна ҳолат изҳоротро интизорем, зеро ҷомеаи варзишӣ ва мухлисон мавқеи расмии дастаро оид ба ҳалли ин масъала намедонанд", – мегӯянд мухлисон.

“Ба легионерҳо, аз ҷумла аз Русия Сердюк ва Сканян низ маош пардохт нашудааст. Агар онҳо ба ФИФА шикоят кунанд, нисбати даста метавонад таҳримҳои ҷиддӣ ҷорӣ шавад. Шояд бозингарон то ин қадр норозигӣ накунанд, лекин умедворем, ки маоши ҳама пардохт мешавад”, – менависад Телеграм-канали “Азия-Спорт”.

Илова мекунем, ки дар даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоб калони 4:1 дастаи “Хуҷанд”-ро мағлуб кард. Пеш аз ин “Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 аз дастаи “Вахш” ва 0:1 аз тими “Истиқлол” шикаст хӯрд.

Мавсими нав дар Лигаи олии Тоҷикистон чанде пеш оғоз гардида, ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад. Дастаи зинаи охири Лигаи олии соли 2025 ба Лигаи аввал гузашта, дастаи зинаи 11-уми Лигаи олӣ ва ва зинаи дуюми Лигаи якум барои роҳ ёфтан ба Лигаи олӣ бозӣ мекунанд.

Дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2025: «Панҷшер» (Ҷалолуддини Балхӣ), КМВА (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Истиқлол» (Душанбе), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Истаравшан», «Эсхата» (Хуҷанд), «Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор), «Ҳулбук» (Восеъ).

Баъ аз се давр дастаҳои КМВА «Вахш», «Ҳулбук» ва «Истиқлол» бо касби 7-холӣ пешсафанд. “Равшан”, “Барқчӣ”, “Регар-ТадАЗ” ва “Эсхата” чорхолӣ доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.