Кормандони “Азия-Плюс” ба ифтихори зодрӯзи расона дар Боғи ғалаба ниҳол шинониданд

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" бори сеюм аст, ки ба муносибати зодрӯзи худ дар боғу маконҳои таърихии пойтахт иқдоми ниҳолшинонӣ мегузаронад. Ин дафъа кормандони расона дар Боғи ғалабаи пойтахт ниҳол шинониданд. Имсол, ин иқдоми нек ба муносибати 29-солагии Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” ва 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) бахшида шуд. Шинонидани 29 бех ниҳоли сарв чун […]

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" бори сеюм аст, ки ба муносибати зодрӯзи худ дар боғу маконҳои таърихии пойтахт иқдоми ниҳолшинонӣ мегузаронад. Ин дафъа кормандони расона дар Боғи ғалабаи пойтахт ниҳол шинониданд.

Имсол, ин иқдоми нек ба муносибати 29-солагии Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” ва 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) бахшида шуд.

Шинонидани 29 бех ниҳоли сарв чун рамзи 29 соли фаъолияти беғараз ва пурсамари оҷонсӣ дар роҳи таъмини ҷомеа бо иттилои саҳеҳ ва дақиқ ҳам барои ҷовидона мондани ин санаи таърихӣ ва ҳам ҳифзи муҳити зист ва сарсабзии пойтахти кишвар сурат гирифт.

Се сол қабл, дар ҷашни 26-солагии худ гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар “Боғи ҷавонон” дар назди “шаҳраки донишҷӯён” ниҳол шинонида буд. Ниҳолҳои соли гузашта, ба муносибати 28-солагӣ шинонидани кормандони расона имрӯз саҳни Хона-музейи устод Садриддин Айниро зеб медиҳанд.

Расо 29 сол пеш, 2-юми апрели соли 1996 аввалин варақаи таҳлилӣ-хабарии Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” нашр шуд, ки минбаъд таҳкурсии ҳафтаномаи мустақил ва гурӯҳи расонаҳои бузургу ҳамқадами замон гардид. 

Дар урфият мегӯянд, ки шахс дар ҳаёташ бояд се амалро ба анҷом расонад: хона созад, фарзанд ба воя расонад ва дарахт шинонад. Имрӯз хонаи “Азия-Плюс” побарҷост, фарзандонаш-дастпарваронаш дар тамоми гӯшаҳои олам кор мекунанд ва ниҳолҳояш дар авҷи сабзишанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.