Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад

Бахши кишоварзии обёришаванда 79%-и ҳамаи захираҳои оби Осиёи Марказиро истеъмол мекунад: аз 127,3 метри мукааб 100,4 метри мукааб дар як сол. Чунин маълумот дар гузориши таҳлилии муштараки Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва ЮНИДО (муассисаи СММ оид ба рушди саноат) оварда шудааст. Сарфи назар аз ҳамагӣ 24% аз майдони умумии заминҳои киштро ташкил додани заминҳои обёришаванда,  […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бахши кишоварзии обёришаванда 79%-и ҳамаи захираҳои оби Осиёи Марказиро истеъмол мекунад: аз 127,3 метри мукааб 100,4 метри мукааб дар як сол. Чунин маълумот дар гузориши таҳлилии муштараки Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва ЮНИДО (муассисаи СММ оид ба рушди саноат) оварда шудааст.

Сарфи назар аз ҳамагӣ 24% аз майдони умумии заминҳои киштро ташкил додани заминҳои обёришаванда,  онҳо аз се ду ҳиссаи тамоми маҳсулоти кишоварзии минтақаро таъмин мекунанд.

Муаллифон таъкид мекунанд, ки гузариш ба технологияҳои самараноки обёрӣ роҳи ягона барои таъмини амнияти об мебошад. То соли 2028 минтақа метавонад бо норасоии солонаи 5–12 километри мукааб об дучор шавад.

БАОР ва ЮНИДО рушди истеҳсоли маҳаллии таҷҳизоти обёриро пешниҳод мекунанд. Ин иқдом ба коҳиши талафоти об ва камшавии вобастагӣ аз воридот мусоидат мекунад. Онҳо масъалаҳои норасоии об, фарсудашавии инфрасохтори обёрӣ ва оқибатҳои тағйирёбии иқлимро таҳлил мекунанд.

Аз ҷумла, ба афзоиши талабот ба ҳалли муосири обёрӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2040 масоҳати заминҳои обёришаванда дар минтақа ба 10,6 млн гектар мерасад. Ин боиси афзоиши ниёз ба технологияҳои пешрафтаи обёрӣ шуда, имкониятҳои истеҳсоли маҳаллии таҷҳизоти обёриро бо арзиши то 426 млн доллар дар як сол фароҳам месозад.

«Мо бо ҳамкорон аз ЮНИДО тахмин мекунем, ки то соли 2030 талабот ба таҷҳизоти обёрӣ метавонад бештар аз ду баробар зиёд шавад. Истеҳсоли маҳаллӣ кӯмак мекунад, ки ин сармоягузориҳо дар иқтисоди минтақа ҳифз шуда, ба рушди технологияҳои обёрии дақиқ ва идоракунии захираҳои обӣ мусоидат шавад», — зикр кардааст раиси Шӯрои мудирони БАОР Николай Подгузов.

Дар гузориш инчунин стратегияҳо барои саноатисозии соҳаи обёрӣ, аз ҷумла таъсиси як кластер (бахш, соҳа)-и минтақавӣ барои истеҳсол ва хидматрасонии таҷҳизоти муосир, инчунин рушди инфрасохтори ҳаётан муҳим зикр шудаанд. Аз ҷумла, барои таъсиси кластер се марҳила пешниҳод шудааст: ташаккули шумораи кофии корхонаҳо, таҳкими сиёсати кластерӣ ва ташаккули фаъолонаи кластер барои тақвияти таъсирҳои синергетикии дохилӣ.

Таҳқиқот ба роҳандозии стратегии муштарак ва сармоягузорӣ,  ки ҳадафи он раҳоӣ аз вобастагӣ ба воридот ва рушди истеҳсоли маҳаллии таҷҳизоти обёрӣ аст, даъват мекунад.

«Ҳамгироии системаҳои муосири обёрӣ ва технологияҳои дақиқ на танҳо самаранокии истифодаи обро баланд мебардорад, балки ба дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор низ мусоидат мекунад. Мо аз ҳамкорӣ бо БАОР ва табодули таҷриба дар ташкили кластерҳо барои суръат бахшидан ба рушди саноатӣ дар минтақа шодем», — афзудааст Геред Мюллер, директори генералии ЮНИДО.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.