Тамринҳои муштараки ҳарбии Тоҷикистону Русия дар вилояти Хатлон

Дар машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар вилояти Хатлон тамринҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия оғоз гардида, марҳилаи фаъоли он аз 7 то 11 апрел баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад. Дар ҷараёни тамринҳо воҳидҳои ҳарбии ду кишвар ташкили амалҳои муштаракро оид ба маҳви гурӯҳҳои террористӣ, омодагии воҳидҳо ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда […]

Asia-Plus

Дар машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар вилояти Хатлон тамринҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия оғоз гардида, марҳилаи фаъоли он аз 7 то 11 апрел баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.

Дар ҷараёни тамринҳо воҳидҳои ҳарбии ду кишвар ташкили амалҳои муштаракро оид ба маҳви гурӯҳҳои террористӣ, омодагии воҳидҳо ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар шароити мавзеи кӯҳсор машқу тамрин мекунанд.

“Марҳилаи асосии машқҳо роҳандозии амалиёти муштарак оид ба нобуд сохтани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, инчнуин идоракунии воҳидҳо дар ҷараёни ҳифзи сарҳад ва маҳви гурӯҳҳои марзро убуркарда хоҳад буд”, – зикр мешавад дар хабар.

Асоси воҳидҳои Русияро қисмҳои пойгоҳи 201-уми ҳарбии Ҳавзаи ҳарбии марказӣ, аз ҷумла воҳидҳои тирандоз, гурӯҳи сарнишинони авиатсионӣ дар чархболҳои зарбазани Ми-24 ва нақлиёти ҷангии Ми-8МТВ5-1 ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин дар тамринҳо мутахассисони алоқа, операторони FPV-дронҳо ва дастгоҳҳои иктишофии бесарнишини, инчунин гурӯҳҳои зудамали муқовимати радиоэлектронӣ низ иштирок мекунанд.  

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар берун аз ҳудуди он буда, дар ду шаҳри ҷумҳурӣ – Душанбе ва Хатлон мустақар аст. Ба ҳайати он воҳидҳои тирандози сайёр, артиллерӣ, иктишофӣ, инчунин қисмҳои мудофиаи ҳавоӣ, ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ ва алоқа шомиланд.

Машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар мавзеи кӯҳистону биёбон тқрибан 20 километр дуртар за сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.