Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст

Дар пайи панҷ заминларзае, ки давоми як шабонарӯзи ахир дар минтақаи Рашти Тоҷикистон рух дод, як нафар ҳалок шуда, 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст. Ба навиштаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ (КҲФ), субҳи имрӯз, 14-уми апрел, соати 05:44 дар 18-километрии ноҳияи Рашт ва 156-километрии шаҳри Душанбе заминларзаи панҷум давоми як шабонарӯзи […]

Asia-Plus

Дар пайи панҷ заминларзае, ки давоми як шабонарӯзи ахир дар минтақаи Рашти Тоҷикистон рух дод, як нафар ҳалок шуда, 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст.

Ба навиштаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ (КҲФ), субҳи имрӯз, 14-уми апрел, соати 05:44 дар 18-километрии ноҳияи Рашт ва 156-километрии шаҳри Душанбе заминларзаи панҷум давоми як шабонарӯзи охир сабт шудааст.

Қувваи он дар маркази зилзила 3–4 балл ва дар ноҳияи Рашт 3 баллро ташкил додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар пайи ин заминларза талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудаанд.

Аммо дар пайи 4 заминларзае, ки дирӯз, 13-уми апрел дар ин минтақа рух дод, як кӯдаки 3-сола ҷон бохта, 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст.

Заминларзаи аввал соати 9:24 дар 21-километрии ноҳияи Рашт рух дод, ки қувваи он 5-6 балл буд.

Давоми рӯз заминларза ин минтақаро се маротибаи дигар такон дод:

Соати 12:14, маркази он 29-километрии шарқи ноҳияи Рашт, қувваи такон 4 балл;

Соати 13:33, маркази он 24-километрии шарқи ноҳияи Рашт, қувваи ларзиш 3 балл;

Сотаи 19:34, маркази зилзила 32-километрии шарқи ноҳияи Рашт, ларзиши замин 4–5 балл.

 

Дирӯз КҲФ навишт, ки дари пайи ин заминларзаҳо, Абдуғанӣ Машрабов, сокини сесолаи деҳаи Уштурпасти ноҳияи Рашт ҷон бохтааст. Ӯ ҳангоми заминҷунбӣ “зери девори хонаи истиқоматӣ монда, ба ҳалокат расидааст”

Субҳи имрӯз бошад, КҲФ навишт, ки дар деҳаҳои Сафедтундак, Гулханӣ, Кӯл, Аскалон ва Хулаки ноҳияи Рашт 40 хона пурра ва 5 хона қисман вайрон шудаанд. Инчунин, дар ҳудуди ин деҳаҳо 3 чойхона ва мактаби №56 зарар дидаанд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод дар деҳаи Ғанишоби ҷамоати Калъаи Лаби Об ба 12 хона пурра, 15 хона қисман, 38 хона сатҳан, 30 иншооти ёрирасон ва 1 маркази тиббӣ зарар расидааст.

Ҳамчунин, дар дар деҳаи Анвари Каландарови ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳии Тоҷикобод 6 хона пурра, 12 хона қисман, 2 хона сатҳан, 20 иншооти ёрирасон пурра ва 1 чойхона қисман осеб дидаанд.

Дар деҳаҳои Сари Чашма, Бӯстон ва Кӯликалони ин ноҳия бошад, 30 хона пурра, 10 хона қисман, 20 хона сатҳан, 1 мактаб ва 136 иншооти ёрирасон пурра ва 1 чойхона қисман осеб дидаанд.

Дар маҷмӯъ, гуфтаи КҲФ, дар ноҳияи Тоҷикобод 54 хона пурра, 45 хона қисман, 61 хона сатҳӣ, 2 мактаб, 196 иншооти ёрирасон, 3 чойхона ва 1 муассисаи тиббӣ зарар дидаанд.

 

Дар ин ноҳия талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Манбаъ мегӯяд, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон комиссияи ҷумҳуриявӣ ташкил шуда, 13 апрел барои омӯзиши вазъ, муайян кардани хисорот ва ҳамоҳангсозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои зилзила ба минтақаи Рашт рафтааст.

Бояд зикр кард, ки минтақаи Рашти Тоҷикистон манотиқи зилзилахез ба ҳисоб меравад.

Аз ҷумла, соли 2021 бар асари заминларза дар ноҳияи Тоҷикободи ин ин минтақа 5 нафар ба ҳалокат расида, 16 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.