Тоҷикистон ва Туркия масъалаи бекор кардани низоми раводид байни ду кишварро баррасӣ мекунанд

Имрӯз, 21-уми апрел дар шаҳри Анқара, масъалаи бекор кардани низоми раводид байни Тоҷикистон ва Туркия дар доираи машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳое, ки ба ҳамкории консулӣ дахл доранд, аз ҷумла […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Имрӯз, 21-уми апрел дар шаҳри Анқара, масъалаи бекор кардани низоми раводид байни Тоҷикистон ва Туркия дар доираи машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳое, ки ба ҳамкории консулӣ дахл доранд, аз ҷумла созишномаҳои низоми раводидиро баррасӣ хоҳанд кард.

“Мо тавассути ҳамкориҳои зич ва муколама байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар талош дорем, ки дар оянда низоми раводидро лағв кунем”,-гуфта мешавад дар посухи намояндагии дипломатӣ.

Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Туркия бояд раводид гиранд.

Пештар мақомоти Тукрия гуфта буданд, ки реҷаи раводид бо Тоҷикистон тадбири муваққатӣ аст, вале муҳлати бекор кардани он ҳоло маълум нест.

Бояд гуфт, ки Туркия аз 20-уми апрели соли гузашта барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми равуо тавассути раводидро ҷорӣ кард, аммо сабаби ин иқдомро шарҳ надод, вале таҳлилгарон тахмин мезананд, ки қарор бо баъзе масоили амниятӣ рабт дорад. Дар посух Тоҷикистон ҳам барои шаҳрвандони Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд.

Арзиши раводиди Тоҷикистон барои шаҳварндони Туркия айни ҳол маълум нест, аммо барои дастрас кардани раводиди Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон аз 90 то 160 доллар бояд пардохт кунанд.

Дар пайи ҷорӣ кардани низоми раводид бархе тоҷирони тоҷик, ки аз Туркия маҳсулот меоварданд, нигаронӣ карданд, ки ин иқдом ба тиҷорати онҳо таъсири бевосита мерасонад, яъне воридоти маҳсулот душвор ва арзиши он гарон мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.