Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск

Дирӯз, 21-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти муқаддас Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи тасаллӣ ирсол кардааст. Дар бариқияи президенти Тоҷикистон аз ҷумла зикр мешавад, ки “марҳум бо фаъолияти доманадори худ  ба ҳайси Понтифики бузург дар умури ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошта, бо ибтикороту амалҳои […]

Asia-Plus

Дирӯз, 21-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти муқаддас Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи тасаллӣ ирсол кардааст.

Дар бариқияи президенти Тоҷикистон аз ҷумла зикр мешавад, ки “марҳум бо фаъолияти доманадори худ  ба ҳайси Понтифики бузург дар умури ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошта, бо ибтикороту амалҳои созандааш дар саросари олам маъруфият пайдо карда буд”.

“Мо хизматҳои шоёни ӯро дар таҳкими муколама миёни тамаддунҳо ва татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва ризояти умум аз ҳар ҷиҳат назаррас медонем ва қадр мекунем”, – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ дар идома аз мулоқоташ бо Франсиск, ки соли гузашта дар Ватикан сурат гирифт, ёдоварӣ шуда, гуфтааст, ки “мехоҳам аз саъю кӯшишҳои пайвастаи ӯ дар ҷодаи таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Тахти Муқаддас ёдовар шавам”.

"Дар робита ба ин мусибати гарон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва пайравони калисои католикӣ баён менамоям", – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон

Попи Рум Франсиск, роҳбари 266-уми католикҳои ҷаҳон, ки чанд вақти охир аз бемории роҳҳои нафас ранҷ мекашд, дирӯз дар 88-солагӣ дар қароргоҳи худ Каса-Санта-Мартаи Ватикан аз олам даргузашт.

Ӯ як рӯз пеш аз маргаш дар иди Пасха ба маҳзари ом баромад ва онҳое, ки барои таҷлили ид ҷашн омада буданд, табрик гуфт.

Расман сабаби марги ӯ сактаи мағзӣ гуфта мешавад.

Номи аслии попи Рум Хорхе Марио Берголо буд. Ӯ 17-уми декабри соли 1936 дар Буэнос-Айреси Аргентина ба дунё омадааст. Франсиск пас аз истеъфои поп Бенедикти 16-ум дар моҳи марти соли 2013 попи калисои католикӣ интихоб шуда буд.

Ӯ бо рафтори хоксорона, дифоъ аз адолати иҷтимоӣ ва талошҳояш барои густариши таҳаммулпазирӣ машҳур буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.