Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд

Имрӯз, Юсуфҷон Аҳмадов – шахси меҳнатдӯст, меҳанпараст, раҳбар ва корманди сарсупурдаи бахши саноат ва сиёсатмадори соҳибэҳтироми кишвар 75-сола шуд. Ӯ 24-уми апрели соли 1950 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб, соли 1967 ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1972 бо тахассуси муҳандис – механик хатм кардааст. Баъди […]

admin

Имрӯз, Юсуфҷон Аҳмадов – шахси меҳнатдӯст, меҳанпараст, раҳбар ва корманди сарсупурдаи бахши саноат ва сиёсатмадори соҳибэҳтироми кишвар 75-сола шуд.

Ӯ 24-уми апрели соли 1950 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб, соли 1967 ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1972 бо тахассуси муҳандис – механик хатм кардааст.

Баъди хатми донишкада фаъолияти меҳнатиашро дар собиқ коргоҳи “Автозапчаст” (баъдан номи корхона ба Коргоҳи таҷҳизоти тормозӣ ва ҶС “Бодом” иваз карда шуд) оғоз ва идома дода, дар вазифаҳои гуногун  – муҳандис, технолог, усто, устои калон, сардори истеҳсолот ва сармуҳандиси корхона фаъолият ва моҳи апрели соли 1987 директори коргоҳи номбурда интихоб гардидааст.

Дар муддати роҳбарии Юсуфҷон Аҳмадов ба ҳайси роҳбар, корҳои зиёд баҳри мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ – техникӣ, муҷаҳҳазгардонии сехҳои истеҳсолӣ бо хатҳои нави дастгоҳҳои замонавӣ ба сомон расонида шуданд.

 

Дар баробари ин, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии коргарон ва саҳмгузорӣ дар пешрафти шаҳр, як қатор иншоотҳо, ба монанди Маркази истироҳати бачагонаи “Насими кӯҳсор” дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов (ҳоло Куҳандиёр),  Коргоҳи шағалбарорӣ дар деҳаи Кӯшкаки ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев, Коргоҳи истеҳсоли дучархаҳо, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Исроил “Чар” барои истеҳсоли аробачаи маъюбон, ду боғчаи бачагона, табобатгоҳ – фароғатгоҳи “Бодом”, сохтмони 7 хонаи бисёрошёна барои коргарон, Қасри варзиш сохта, ба истифода дода шуд, маҳаллаи аҳолинишини – кӯчаи ба номи собиқ роҳбари коргоҳи “Автозапчаст” Ҷаббор Холматов барои 50 оилаи коргарони коргоҳ ташкил гардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Юсуфҷон Аҳмадов ҳамчун роҳбар – шахси  донишманд, серталабу масъулиятшинос ва ғамхор, дар байни коргарон ва берун аз корхона соҳиби обрӯву эътибор гаштааст. Сазовори боварии халқ буданаш аз он шаҳодат медиҳад, ки сокинони Конибодом Юсуфҷон Аҳмадовро 4 маротиба, аз соли 1990 то 2010, ҳамчун вакил ба парламенти кишвар интихоб кардааст.

 

Дар парлумон ӯ ҳамчун раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, аъзои раёсати Маҷлиси намояндагон, ҳамраиси Комиссияи байнипарлумонии ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Думаи давлатии Русия, ҳамраиси Комиссияи байнипарлумонии дӯстӣ байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги Туркия кор кардааст.

Пештар аз ин, соли 1993 Юсуфҷон Аҳмадов ба ҳайси аъзои комиссияи Маҷлиси Олӣ барои таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон, солҳои 1990 – 1995 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, солҳои 1995 – 2000 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят низ фаъолият намудааст.

Ӯ иштирокчии Иҷлосияи XVI даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, аз соли 1994 узви раёсати Иттифоқи илмӣ – саноати Тоҷикистон мебошад.

Меҳнати Юсуфҷон Аҳмадов аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ – медали “Барои меҳнати шоён”, медалҳои ҷашнии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, нишони “Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳои Вазорати автомобилсозии СССР қадршиносӣ шудааст.

Равшан Раҷабзода, доктори илми ҳуқуқ, вакили пешини парлумон, дӯст ва ҳамандешаи Юсуфҷон Аҳмадов

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.