Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?

Баъди боздошти оммавии шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия, мақомоти қирғиз аз боздошти чанд нафар бо гумони ҷалби зархаридон ба ҷанг хабар доданд. Яке аз боздоштшудаҳо расман дар "Хонаи Русия" (Русский дом), як бахши созмони русии “Россотрудничество" дар Ош кор мекард. Нафаре, ки дирӯз боздошт гардид, яке аз технологҳои сиёсии "Вагнер" гуфта мешавад.  Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба дафтари […]

Asia-Plus

Баъди боздошти оммавии шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия, мақомоти қирғиз аз боздошти чанд нафар бо гумони ҷалби зархаридон ба ҷанг хабар доданд. Яке аз боздоштшудаҳо расман дар "Хонаи Русия" (Русский дом), як бахши созмони русии “Россотрудничество" дар Ош кор мекард. Нафаре, ки дирӯз боздошт гардид, яке аз технологҳои сиёсии "Вагнер" гуфта мешавад. 

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек хабар дод, ки  блогер аз Русия Виктор Василев бо гумони ҷалби зархаридон ба ҷанг боздошт ва то 17-уми июн ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. 

Ба иттилои расмӣ, ӯ ба шарикӣ дар ҷалби зархаридон барои иштирок дар даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷа  ё қисми 3 моддаи 43 ва қисми 1 моддаи 416-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон муттаҳам мешавад.

Қаблан, Наталя Секерина, корманди “Русский дом” (Хонаи Русия) дар Оши Қирғизистон боздошт ва ӯ ҳам то 17-уми июн ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.  Ӯ низ дар шарикӣ ба ҷалби зархаридон барои иштирок дар даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷа гумонбар мешавад.

"Россотрудничество" боздошти корманди "Хонаи Русия" дар Қирғизистонро як иғвоангезӣ хондааст.

Ҳардуро то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи Медуза, Марина Аҳмедова, сардабири оҷонсии иттилоотии “Регнум” гуфтааст, блогери боздоштшуда Виктор Василев муаллифи ин нашрия ва коршинос оид ба масоили Африқо ва Осиёи Марказӣ аст.

Ба таъкиди ӯ, блогер низ дар доираи парвандаи Наталя Секерина боздошт шудааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар доираи ин парванда ҳамчунин, Сергей Лапушкин, корманди хадамоти матбуоти шаҳрдории Ош ва ду нафари дигар, ки ному насабашон ифшо намешуд, дастгир шудаанд.

Медуза менависад, ки Виктор Василев муаллифи телеграмм-канали “Улыбаемся и машем” мебошад.

Соли 2023 маркази "Досье" навишта буд, ки Василев қаблан насаби Луковенкоро дошт.  

Соли 2011 ӯ бо иттиҳоми қатли як марди 58-солаи Шри-Ланка дар рӯзи "Раҳпаймоии русҳо" (Русского марша) ба 8 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда буд. Баъди 5 соли адои ҷазо Луковенко шартан ва пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуд.

“Бахши русии "Би-би-си” хабар дода буд, ки Луковенко яке аз технологҳои сиёсии Евгений Пригожин, муассиси ширкати хусусии ҳарбӣ (ШХҲ)-и “Вагнер” буд.

Пас аз марги Пригожин Луковенко ба "тақвияти таъсири Русия" дар кишвари Буркина-Фасо машғул буд.

Ин нашрия ӯро миллатчии тундгаро номида буд.

“Досье” навишта буд, ки каме пеш аз ҳамлаи Русия ба Украина Луковенко бо супориши Сарраёсати иктишофии Русия ба Киев рафта буд. Дар маводи онҳо  низ Луковенко миллатгаро номида мешавад.

Бояд гуфт, ки боздошти чанд нафар дар Қирғизистоне, ки бевоиста ба Русия рабт доранд, баъди чанд рӯзи боздошти оммавии шаҳрвандони кишвар дар ҳаммоми “Бодрост” дар Маскав оғоз шуд.

Дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки одамонро маҷбур месозанд, ки  хазида ба хонае раванд, ки дар он дигар боздоштшудагон рӯйи фарш хобидаанд.

Яке аз шоҳидон гуфтааст, одамонро дар ҳаммом лату кӯб кардаанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Сергей Вакунов, сафири Русия дар Бишкек ба ВКХ Қирғизистон даъват шуд.

Дар шарҳи ин ҳодиса ВКХ Русия гуфт, "рейди кормандони сохторҳои қудратӣ ва санҷиши биноҳои ҷамъиятӣ тибқи нақша” аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.