Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг

Мақомоти Қирғизистон дар шаҳри Оши ин кишвар дар доираи қазияи ҷалби зархаридӣ барои ширкат дар ҷанги кишвари дигар як корманди “Хонаи Русия” (Русский дом)-ро боздошт кардаанд. Ӯ ва се нафаре, ки қаблан дастгир шуда буданд, ба гуфтаи вакили дифои яке аз онҳо "ба ҷалби зархаридон дар ҷанги Украина гумонбар мебошанд". Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” […]

Asia-Plus

Мақомоти Қирғизистон дар шаҳри Оши ин кишвар дар доираи қазияи ҷалби зархаридӣ барои ширкат дар ҷанги кишвари дигар як корманди “Хонаи Русия” (Русский дом)-ро боздошт кардаанд. Ӯ ва се нафаре, ки қаблан дастгир шуда буданд, ба гуфтаи вакили дифои яке аз онҳо "ба ҷалби зархаридон дар ҷанги Украина гумонбар мебошанд".

Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” дар такя ба додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек хабар додааст. Ҳукми додгоҳ оид ба ҳабси пешакии ӯ 17-уми апрел баромадааст.

Ба иттилои манбаъ, Наталя Секерина дар “Хонаи Русия”, ки як бахши созмони русии “Россотрудничество” аст,  кор мекард.

Дар ҳамин ҳол, қаблан дар доираи ин қазия се нафари дигар, аз ҷумла Сергей Лапушкин, корманди бахши матбуоти  шаҳрдории Ош низ боздошт шуда буданд. Шахсияти ду нафари дигар то ҳол маълум нест.

Ҳар чаҳор гумонбар низ то 17-уми июни соли 2025 ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Боздоштшудаҳо дар ҷалб, маблағгузорӣ, таъминоти моддӣ ва таълими зархаридон бо мақсади истифода аз онҳо дар даргириҳои мусаллаҳонаи давлатҳои дигар ё амалҳои зӯроварӣ, ки ба сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ ё поймол кардани тамомияти арзӣ, инчунин истифодаи зархаридон дар даргириҳо ва амалиёти низомӣ равона шудаанд, гумонбар дониста мешаванд.

Ба навиштаи манбаъ вакили дифои яке аз боздоштшудаҳо ба хабарнигорон гуфтааст, ки “онҳо ба ҷалби одамон барои ширкат дар амалиёти низомӣ дар Украина гумонбар мебошанд”.

Гуфта мешавад, ки дар робита ба ин ҳодиса нисбати гумонбарон бар асоси моддаи “Зархаридӣ”-и (моддаи 416, қисми 1) -и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тибқи ин банди қонун ба онҳо аз 7 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагии “Россотрудничество” дар Қирғизистон аз боздошти Наталя Секерина изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, ки дар бораи моҳияти иттиҳомоти мазкур маълумоти пурра надоранд.

Онҳо гуфтаанд, ки Наталя Секерина шаҳрванди Қирғизистон буд, аз моҳи июли соли гузашта ҳамчун масъули робита бо ВАО-и филиали онҳо дар Ош кор мекард.

Қаблан дар Ӯзекистон як сокини Андиҷон ҳамроҳи як нафари дигар бо гумони ҷалби шаҳрвандони ин кишвар барои ширкат дар даргириҳои мусаллаҳонаи Украина боздошт ва зиндонӣ шуда буданд. Фурқатбек Ҳасанови 39-сола, ки ронандаи таксӣ шуда кор мекардааст дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф кардааст.

Чанд моҳ қабл мақомоти Озарбойҷон аз баста шудани “Хонаи Русия” дар Боку хабар доданд. Ҳукумати ин кишвар гуфтааст, ки Озарбойҷон “дигар дахолати берунаро ба корҳои дохилии худ таҳаммул кардан намехоҳанд”.

Бояд гуфт, ки “Хонаи Русия”, як бахши созмони русии “Россотрудничество”  мебошад, ки асосан дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон озодона фаъолият дорад. Ин созмон аз моҳи июли соли 2022 дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.