Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?

Аксари дарахтҳои гаронарзиши магнолия, ки ду моҳ пеш, қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд, дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилоят шинонида буданд, зард шуда, хушкида ба назар менамоянд. Масъулин мегӯянд, ин дарахтҳо хушк нашудаанд, танҳо барг партофтаанд ва дар оянда боз сабз мешаванд. Мутахассисон таъкид мекунанд, […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Аксари дарахтҳои гаронарзиши магнолия, ки ду моҳ пеш, қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд, дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилоят шинонида буданд, зард шуда, хушкида ба назар менамоянд.

Масъулин мегӯянд, ин дарахтҳо хушк нашудаанд, танҳо барг партофтаанд ва дар оянда боз сабз мешаванд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дарахти магнолия бояд аввал ба иқлими шаҳр мутобиқ ва баъд шинонида шавад.

Беш аз 200 дарахти магнолия дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд охири моҳи феврали соли ҷорӣ шинонида шуд. Он замон хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд навишт, ки ин дарахтҳо бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар хиёбони Исмоили Сомонӣ шинонида шуд.

“Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик боз 100 адад ниҳолҳои Магнолия аз кишвари Италия вориди шаҳри Хуҷанд шуда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шинонида мешавад”, – навишт манбаъ.

 

“Об медиҳам, аммо боз ҳам зард шудаанд”

Рӯзи 22-юми апрел, вақте ба хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд рафтем, аксари дарахтон зард ва зоҳиран хушкшуда буданд.

Абдушукур Аҳмадов, нафаре, ки худро боғбон ва масъули нигоҳубини ин дарахтҳо муаррифӣ кард, гуфт, “бори аввал дарахти магнолияро мебинам ва бо такя ба таҷрибаи ғании дарахтпарвариам, дар ду-се  рӯз ба онҳо як бор об  медиҳам, аммо боз ҳам баъзеашон хушкида истодаанд”.

“Вақте дарахт ба об ниёз пайдо кунад, шохаҳояш сар ба замин хам мекунанд. Шохаҳои ин дарахтҳо сар хам накардаанд, аз ин сабаб, фикр мекунам мушкил дар камобӣ нест”, – гуфт Аҳмадов.

 

“Нахушкидаанд, барг мепартоянд”

Масъулини кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, аз ҳолати дарахтон огоҳанд.

“Онҳо хушк нашудаанд, сабзанд. 268 бех дарахти магнолия аз Италия оварда шуданд, 15-20 рӯз дар роҳ буданд, аз ин лиҳоз барг мепартоянд”, – гуфт Саидҷон Маъруфов, роҳбари Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ”-и шаҳри Хуҷанд.

Ӯ таъкид кард, ки чанд соли пеш ҳам “ин навъи дарахт дар кӯчаи Мири шаҳр шинонида шуд ва онҳо ҳам пас аз барг партофтан, боз нашъунамо карданд ва ҳоло сабз мебошанд”.

 

Мушоҳидаи мо ҳам аз кӯчаи Мири шаҳри Хуҷанд собит кард, ки дарактони магнолия сабзанд. Ин дарахтон қариб чаҳор сол пеш шинонида шуда буданд.

 

“Ин дарахт парвариш ва ғамхорӣ мехоҳад”

Мутахассисони бахши дарахтпарварӣ мегӯянд, омилҳои гуногун метавонад сабаби хушкидани дарахт гардад, аз ҷумла иқлими бегона.

Сангинбой Қурбонов, собиқ кормандони бахши экологияи вилояти Суғд зикр кард, ки магнолия дарахтест, ки иқлими шаҳри Хуҷанд ба он бегона аст, аз ин лиҳоз, он бояд аввал ба иқлими ин шаҳр мутобиқ ва баъд дар хиёбонҳо шинонида шавад.

“Ҳаво дар Хуҷанд дар тобистон сахт гарм ва дар зимистон сахт хунук мешавад. Баъзан якбора гарм ё сард мешавад. Шояд ин ба нашъунамои дарахти магнолия таъсир карда бошад”, – гуфт Қурбонов.

Аммо ӯ таъкид кард, ки “воқеан, дарахти магнолия дар иқлими бегона, аввал барг мепартояд ва баъд месабзад”.

Ин мутахассис гуфт, ба дарахти магнолия бояд ғамхорӣ кард ва хуб парвариш намуд.

“Дар вақташ об ва нуриҳои минералӣ додан лозим”, – хулоса кард Қурбонов.

Дар ҳамин ҳол, Бунёд Абдулманнонзода, муовини сардори  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд зикр кард, ки ба ҳар сурат “кормандони соҳа ҳолати ин дарахтҳоро месанҷанд ва дертар хулосаи худро пешниҳод мекунанд”.

 

Дарахти гаронарзиш бо пули соҳибкорон

Бояд зикр кард, ки дарахти магнолия гаронарзиш ба ҳисоб меравад. Ба қавли Саидҷон Маъруфов, нархи як дарахти магнолия дар бозор 5-7 ҳазор сомонӣ нарх дорад. Аммо ӯ нагуфт, ки магнолияҳои дар хиёбони Исмоили Сомонӣ шинонида бо чӣ қадар маблағ ва аз ҷониби кӣ харидорӣ шудааст.

Дар мақомоти Хуҷанд нахостанд ошкор дар ин бора ҳарф зананд, танҳо як нафар аз ин ниҳод бо шарти ошкор нашудани номаш гуфт, дарахтони магнолияе, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ шинонида шудааст, аз ҷониби соҳибкорон харидорӣ ва ба мақомоти шаҳри Хуҷанд тақдим гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки аввалин дарахтони магнолия дар Тоҷикистон қариб даҳ сол пеш дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе шинонида шуд. Он замон нархи ин дарахтон хеле гарон гуфта мешуд. Ҳоло аксари ин дарахтон сабзанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.