Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 АПРЕЛ Соли 2003 – Созишнома дар бораи пешгирӣ аз андозбандии дукарата ва ҷилавгирӣ аз фирор аз пардохти андозҳо байни Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид. Соли 2019 – Барои сайёҳон боҷи давлатӣ ҷорӣ карда шуд. Соли 2019 – Портали савдои Тоҷикистон "www.tajtrаde.tj" расман ифтитоҳ гардид.   ШАХСИЯТҲО Соли 1934 – […]

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 АПРЕЛ

Соли 2003 – Созишнома дар бораи пешгирӣ аз андозбандии дукарата ва ҷилавгирӣ аз фирор аз пардохти андозҳо байни Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.

Соли 2019 – Барои сайёҳон боҷи давлатӣ ҷорӣ карда шуд.

Соли 2019 – Портали савдои Тоҷикистон "www.tajtrаde.tj" расман ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО Соли 1934 – Мавлуди Далер Лоҳутӣ, файласуф, забоншинос ва тарҷумон.

Далер Лоҳутӣ, писари шоири пуровозаи Тоҷикистону Эрон Абулқосим Лоҳутӣ буда, мутахассиси варзидаи кибернетика, файласуфи мантиқдон, забоншинос ва тарҷумони варзида буд. 

Ӯ хатмкардаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов буда,  муаллифи асарҳои гаронарзише дар заминаи тарҷумаи матнҳои фалсафӣ аст.

Далер Лоҳутӣ 27-уми январ дар синни 88-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт.

Соли 1935 – Зодрӯзи Маннон Рӯзиев, доктори илмҳои санъатшиносӣ.

 Соли 1952 – Мавлуди Қувват Давлат, шоири тоҷик.

Соли 1975 – Зодрӯзи Фарҳод Шокир, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика.

Соли 2020 – Абдуфаттоҳ Ҳотамов, кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи “Ҳотам ПВ” бар асари сактаи қалб дар 69-солагӣ аз олам даргузашт.

Абдуфаттоҳ Ҳотамов Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм карда, як муддат дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ва ҳамчунин Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон кор кардааст.

Ҳотамов оғози солҳои 2000-ум мудири Маркази таълимии ҷамъиятӣ буд. Соли 2003 мактаби хусусии “Ҳотам ПВ”-ро таъсис дод, ки ҳоло ба як маркази муҳими омӯзиши илмҳои дақиқ дар кишвар табдил ёфтааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии поси хотири қурбониёни садамаи Чернобил таҷлил мегардад. Ин сана 26 сол пас аз садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил ба тақвими расмӣ ворид гардид.

Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил 26-уми апрели соли 1986 рух дода буд. Дар натиҷаи таркиш реактор пурра нобуд гашт ва миқдори зиёди моддаҳои радиоактив ба муҳити атроф паҳн шуданд ва абре, ки ба вуҷуд омад, радионуклидҳоро дар саросари Аврупо ва Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн кард.

Шумораи умумии иштирокчиёни бартарафсозии садама тақрибан 600 ҳазор нафар гуфта мешавад.

26 апрел ҳамчунин Рӯзи ёдоварӣ аз заминларзаи шаҳри Тошканд аст. Соли 1966, субҳи барвақти ҳамин рӯз дар Тошканд заминларза ба вуҷуд омад, ки қувваи онҳо 8–9 балл буд ва тақрибан 10 сония давом карданд.

Харобкориҳо бештар дар маркази шаҳр рух доданд ва асосан хонаҳои гилини яктабақа хароб шуданд. Дар маҷмӯъ, 8 нафар ҳалок шуд, садҳо тан ҷароҳат бардоштанд ва тақрибан 200 нафар ба беморхона интиқол ёфтанд. Инчунин беш аз 78 ҳазор оила бехона монданд. Сохторҳои маъмурӣ, 700 нуқтаи савдо ва хӯрокхӯрӣ, 181 муассисаи таълимӣ, корхонаҳои коммуналӣ, муассисаҳои фарҳангиву тиббӣ ва биноҳои саноатӣ низ вайрон шуданд. Шаҳр дар давоми 3,5 сол аз нав бунёд карда шуд

Аз соли 2001 инҷониб 26-уми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ (World Intellectual Property Day) қайд мегардад. Ин сана бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) дар моҳи октябри соли 1999 пас аз пешниҳоди Чин таъсис дода шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 26 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 12+17º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорати ҳаво шабона 2+4º гарм, рӯзона 15+17º гарм мешавад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.