Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён дар робита ба таркиш дар бандари Шаҳид Раҷоӣ барқияи тасаллӣ ирсол кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба инфиҷори шадид дар бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандари Эрон, ки бар асари он ҳудуди 40 нафар ҷон бохта, боз беш аз ҳазорҳо нафар захму ҷароҳат бардоштанд, ба раиси ҷумҳури ин кишвар Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. “Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар бандари Шаҳид Раҷоӣ дар […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба инфиҷори шадид дар бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандари Эрон, ки бар асари он ҳудуди 40 нафар ҷон бохта, боз беш аз ҳазорҳо нафар захму ҷароҳат бардоштанд, ба раиси ҷумҳури ин кишвар Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

“Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардум боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷеабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷрӯҳон шифои комил масъалат дорам”, – зикр мешавад дар барқия.

Қобили зикр аст, ки инфиҷори шадид шадид дар бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандари Эрон рӯзи 26 апрел рух дод. Бар асари инфиҷори шадид бар асоси охирин маълумот, 40 нафар ҷон бохта, беш аз 1100 нафар захму ҷароҳат гирифтанд.

Тавре ки “Би-би-си” хабар медиҳад, барои хомӯш карани сӯхтор кори бандар боздошта шуд. Бино ба маълумоти расонаҳои Эрон, дар натиҷаи таркиш тирезаҳо дар масоҳати якчанд километр шикаста шуда, дар наворҳои интернет дида мешавад, ки пас аз таркиш абри ба занбурӯғ моннанд пайдо шуд.

Вазорати тандурустии Эрон дар музофоти Ҳурмузгон ҳолати фавқулода эълон карда, аз аҳолӣ дархост намуд, ки дар дохили хонаҳо бошанд ва тирезаҳоро пӯшида нигоҳ дошта, ба рӯяшон ниқоб андозанд.

Рӯзи якшанбе, 27 апрел дар Бандар-Аббос ҳамаи мактаб ва муассисаҳои давлатӣ баста шуда, дар шаҳрҳои ҳамсоя мақомот ба мардум дастур доданд, ки бидуни зарурат ба кӯча набароянд ва ниқобҳои муҳофизатӣ пӯшанд.

Раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён аз ҷойи ҳодиса боздид кард. Президенти Русия Владимир Путин барои кумак дар хомӯш кардани сӯхтор дар Бандар-Аббос ба Эрон якчанд ҳавопаймо фиристод.

Мақомоти Эрон ҳоло расман сабаби таркишро шарҳ надодаанд. Тибқи яке аз фарзияҳо, ҳодиса эҳтимол бар асари нодуруст нигаҳ доштан ва рафтор бо маводи хатарноки тарканда, ки дар контейнери таркибҳои истеҳсоли сӯзишворӣ барои мушакҳо ҷойгир буд, рух дода бошад.

Дар пайи инфиҷор дар шаҳри Бандар Аббос имрӯз, 28-уми апрел дар саросари Эрон мотами миллӣ эълон шудааст. Ҳамчунин, рӯзи гузашта 27-уми апрел дар вилояти Ҳурмузгони ин кишвар давоми се рӯз азои умум эълом шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.