IRENA: Тоҷикистон аз лиҳози иқтидорҳои энергияи таҷдидшаванда дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст

Дар гузориши солонаи омории Агентии байнулмилалӣ оид ба манбаъҳои таҷдидшаванда ё худ барқароршавандаи энергия (IRENA) гуфта мешавад, Тоҷикистон тайи 10 сол иқтидорҳои насбшудаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияро 15,8% зиёд кард. Дар гузориш зикр мегардад, ки иқтидори умумии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз 4957 мегаватт (МВт) дар соли 2015 то 5738 МВт дар соли 2024 афзуд, ки қариб […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар гузориши солонаи омории Агентии байнулмилалӣ оид ба манбаъҳои таҷдидшаванда ё худ барқароршавандаи энергия (IRENA) гуфта мешавад, Тоҷикистон тайи 10 сол иқтидорҳои насбшудаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияро 15,8% зиёд кард.

Дар гузориш зикр мегардад, ки иқтидори умумии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз 4957 мегаватт (МВт) дар соли 2015 то 5738 МВт дар соли 2024 афзуд, ки қариб пурра ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ рост меояд.

Афзоиши аз ҳама бештари иқтидорҳои манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистон ба андозаи 174,5% сурат гирифт – аз1882 МВт дар соли 2015 то 5166 МВт дар соли 2024. Сабаби чунин афзоиши назаррас ба бунёди нерӯгоҳҳои нави офтобӣ (иқтидори умуиашон 2275 МВт), нерӯгоҳҳои барқи обӣ – (511 МВТ) ва неругоҳҳои бодӣ (500 МВт) маънидод мешавад. Ҳиссаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар иқтидори умумии электроэнергетикии кишвар дар ин давра аз 15,2% то 24,4% зиёд шуд.

Ҳамчунин иқтидори насбшудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Қазоқистон низ ба таври назаррас – 93,1% афзуд (аз 2807 МВт дар соли 2015 то 5419 МВт дар соли 2024). Афзоиш асосан аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нави бодӣ (бо иқтидори 1336 МВт), офтобӣ (бо иқтидори 1139 МВт) ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ (132 МВт) сурат гирифтааст. Ҳиссаи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар иқтидори умумии электроэнергетикии кишвар аз 13,2% дар соли 2015 то 22% дар соли 2024 зиёд шуд.

Дар ҳамин ҳол, иқтидори насбшудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Қирғизистон баръакс, ба андозаи 11% – аз 3677 МВт дар соли 2015 то 3258 дар соли 2024 кам шудааст. Дар бораи сабаби камшавии иқтидор дар матлаби IRENA чизе гуфта намешавад.

Иқтидори умумии иншооти манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар боз як кишвари дигари минтақа – Туркманистон ҳамагӣ ба 1 МВт дар соли 2015 ва 2 МВт – дар соли 2024 баробар аст.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар машварати кории ҳукумат зикр кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои зиёд кардани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, мустаҳкам сохтани инфрасохтори низоми энергетикӣ, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ 36 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 89 млрд сомонӣ (8,5 млрд доллар) амалӣ намуд.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ин давра дар самти рушди соҳаи энергетика зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 млрд киловатт-соати соли 1991 ба 22,4 млрд киловатт-соат дар соли 2024 зиёд шуд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 1991 иқтидорҳои насбшудаи нерӯгоҳҳои барқии кишвар 4413 МВт-ро ташкил медод. Мутаносибан тайи солҳои соҳибистиқлолӣ иқтидори насбшудаи электроэнергетикии кишвар ба миқдори 45,3% афзуда, ҳаҷми истеҳсоли он – ҳамагӣ ба андозаи 31,7% афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.