Имрӯз “Наврӯз” ҷамъбаст мешавад. Театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар Душанбе чӣ ба саҳна гузоштанд?

Рӯзи 5-уми май дар доираи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон намоишҳои “Баҳодури рӯйинтан” ва “Гарнири фаронсавӣ”-ро дар Душанбе ба саҳна гузоштанд. Субҳи дирӯз намоиши “Баҳодури рӯйинтан” (Баҳодир Ялангтўш) аз ҷониби Театри давлатии драмавии шаҳри Самарқанд дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузошта шуд. Барои тамошои […]

Рӯзи 5-уми май дар доираи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон намоишҳои “Баҳодури рӯйинтан” ва “Гарнири фаронсавӣ”-ро дар Душанбе ба саҳна гузоштанд.

Субҳи дирӯз намоиши “Баҳодури рӯйинтан” (Баҳодир Ялангтўш) аз ҷониби Театри давлатии драмавии шаҳри Самарқанд дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузошта шуд.

Барои тамошои намоиш меҳмонони хориҷӣ ва мухлисони зиёди театр, аз ҷумла хонандагони макотиби пойтахт ба театр омада буданд, вале баъди тамошо бархеҳо аз муҳтавои он норозӣ аз театр баромаданд.

Намоиш ба шахсияти таърихии амири маъруфи ӯзбек Баҳодир Ялангтўш, ки дар асри XVII дар Самарқанд ҳокимият доштааст, бахшида шудааст. Дар намоиш нишон дода мешавад, ки Баҳодир дар рушди меъмории Самарқанд нақши бориз доштааст ва ҳатто Регистони Самарқанд, майдони калони таърихӣ ва меъмории исломиро ӯ бунёд кардааст.

Яке аз ҳунармандони тоҷик пас аз боздиди “Баҳодури рӯйинтан” онро “намоиши таблиғотӣ” унвон карда, таъкид намуд, ки “тарзи пешниҳоди намоиш аз солҳои 1960 аст ва арзиши дар фестивал ширкат кардан надорад”.

“Гарнири фаронсавӣ” – комедияи аврупоӣ

Дуввумин намоиши фестивали “Наврӯз” – “Гарнири фаронсавӣ” аст, ки аз ҷониби Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Қарағандаи Қазоқистон (КАТМК) бегоҳи дирӯз дар Театри Лоҳутӣ ба забони русӣ ба саҳна гузошта шудааст.

Воқеаи намоиш дар деҳае дар Фаронса мегузарад, ки он манзил қаблан молхона будаву номи ҳуҷраҳояш хукхонаву говхона гуфта мешудааст ва ҳоло ҳам, бо вуҷуди хонаи истиқоматӣ шудан, ҳамон номҳо тағйир наёфтааст.

Марди соҳибхона мехоҳад занашро ба дигар ҷо равон карда, бо духтари сабукпое ишқварзӣ кунад, вале тасодуфан ба хона меҳмон меояд: марде, ки рафиқи соҳибхона асту ҳамзамон бо зани ӯ ишқварзӣ дорад. Вақте зани сабукпо ба хона мерасад, моҷарои оилавӣ сар мезанад ва ӯро аввал ошпаз, баъд модел, пасон хукпарвар ва билохира фоҳиша муаррифӣ мекунанд.

Дар намоиш суруду мусиқӣ ва рақси духтарон низ барҷаста истифода шудааст ва дар маҷмӯъ маҳзакаи аврупоӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” рӯзи 1-уми май оғоз шуда, шоми имрӯз ба анҷом мерасад. Маросими ҷамъбасти фестивал соати 17:30 дар Театри опера ва балет баргузор мегардад.

Дар ҷашнвораи мазкур театрҳои Арманистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат карданд. Аммо театри Озарбойҷон, ки қаблан гуфта мешуд намоиши “Ҷанг”-ро ба фестивали “Наврӯз” меорад, ба Душанбе наомад.

Шоми 2-юми май маросими расмии оғози ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” дар Театри опера ва балет баргузор шуд ва ин театр нахустин намоишномаи фестивалро рӯйи саҳна оварданд. Баъдан рӯзҳои 3-юм ва 4-уми май театрҳои Эрону Русия ва Арманистон намоишҳои худро ба саҳна гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барои як муддат доир нашуд. Акнун он дубора эҳё шуд ва имсол аз 1 то 6-уми май дар Душанбе мегузарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.