Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд

Додгоҳи шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабси чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-ро барои қариб 4 моҳи дигар тамдид кард. Дафтари матбуоти додгоҳ менависад, боздошти Фаридуни Шамсидин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов ба муҳлати 3 моҳу 28 рӯз тамдид шудааст. Сабаби тамдиди мӯҳлати боздошт шарҳ дода намешавад. Ин бори […]

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабси чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-ро барои қариб 4 моҳи дигар тамдид кард.

Дафтари матбуоти додгоҳ менависад, боздошти Фаридуни Шамсидин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов ба муҳлати 3 моҳу 28 рӯз тамдид шудааст.

Сабаби тамдиди мӯҳлати боздошт шарҳ дода намешавад.

Ин бори шашум аст, ки додгоҳ ҳабсии пешакии гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-ро тамдид мекунад. Бори охир додгоҳ муҳлати ҳабси онҳоро то 22-юми май дароз карда буд. Қаблан, рӯзи 19-уми феврали соли равон додгоҳ бори дигар муҳлати ҳабси онҳоро як моҳ – то 24-уми март дароз карда буд.

Ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 22-юми марти соли 2024 рух дода буд. Бар асари он 146 нафар кушта ва 551 каси дигар захмӣ шудаанд.

Моҳи майи соли 2024 ХБФ-и Русия аз боздошти 20 нафар, аз ҷумла, гумонбарони ин ҳодиса ва ҳамдастони онҳо хабар дод. Баъдан дар моҳи октябр мақомоти рус эълом карданд, ки шохаи “ДОИШ-Хуросон” дар ин ҳамла даст доштааст.

Дертар Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия эълом кард, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони амали террористиро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии  боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.