Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”

Озмуни ҷумҳуриявии аксбардорӣ таҳти унвони "Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон – бинои Ҳукумат ва бинои Парлумони Тоҷикистон", ки бо ташаббуси Сафорати Чин дар Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии "Ховар" роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид. Мақсад ва талаботи ин озмун нишон додани зебогиҳои бинои Парлумон ва щукумати кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир яке аз зеботарин биноҳо […]

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Озмуни ҷумҳуриявии аксбардорӣ таҳти унвони "Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон – бинои Ҳукумат ва бинои Парлумони Тоҷикистон", ки бо ташаббуси Сафорати Чин дар Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии "Ховар" роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Мақсад ва талаботи ин озмун нишон додани зебогиҳои бинои Парлумон ва щукумати кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир яке аз зеботарин биноҳо дар Осиёи Миёна аст.

Ғолиби асосии ин озмун Дидор Саъдуллоев, яке аз аккосони маъруфи Тоҷикистон, дониста шуд. Маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ин чорабинӣ дар бинои сафорати Чин дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он намояндагони расмии ҳар ду ҷониб, иштирокчиёни ин озмун ва расонаҳо ширкат варзиданд.

Озмун ба ифтихори рӯйдоди муҳими таърихӣ — ифтитоҳи маҷмааи биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кӯмаки бебозгашти Чин бунёд гардиданд, бахшида шуда буд.

Мавзӯъҳои аксҳо зебоии меъмории навбунёд, тағйироти фаслҳо, эҳсосоти мардум ва равобити дӯстонаи миёни ду кишварро фаро мегирифтанд.

Ҳамаи иштирокчиён ба ин озмун 1 ё то 5 аксҳои худро бо сифати баланд (на камтар аз 300 dpi) пешниҳод намуданд. Танҳо аксҳое қабул шуданд, ки аслӣ  ва бе истифода аз зеҳни сунъӣ буданд. Баъди санҷиш ғолибон муайян ва тӯҳфаҳо ба онҳо супорида шуд.

Ғолибони озмун бо мукофотҳои зерин қадрдонӣ шуданд:

Ҷойи якум (1 нафар) – диплом ва 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм (3 нафар) – диплом ва 5 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм (6 нафар) – диплом ва 3 000 сомонӣ

Мукофоти фахрӣ (20 нафар) – диплом ва армуғонҳои миллӣ аз Чин

Ҳамчунин, ҳамаи иштирокчиёни озмун бо шаҳодатномаҳои Сафорати Чин дар Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.