Чин ба иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз $5 млрд сармоягузорӣ кардааст

Чин шурӯъ аз соли 2007 то шашмоҳаи соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон 5,1 млрд доллар сармоягузорӣ кард. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода хабар додааст. “Ҳудуди 2,9 млр доллар (57,4%) аз ин маблағгузориро сармоягузориҳои мустақим ва 2,2 млрд долларашро (42,6%) – дигар сармоягузориҳо ташкил медиҳад”, – изҳор […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Чин шурӯъ аз соли 2007 то шашмоҳаи соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон 5,1 млрд доллар сармоягузорӣ кард. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода хабар додааст.

“Ҳудуди 2,9 млр доллар (57,4%) аз ин маблағгузориро сармоягузориҳои мустақим ва 2,2 млрд долларашро (42,6%) – дигар сармоягузориҳо ташкил медиҳад”, – изҳор дошт ӯ зимни аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шудани Созишнома дар бораи ҳавасмандсозии мутақобила ва ҳифзи сармоягузориҳо миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин, менависад газетаи “Садои мардум”.

Раҳимзода зикр кард, ки сармоягузориҳои Чин асосан ба саноати истихроҷ ва коркард, иктишофи геологӣ, саноати сабук, алоқа, сохтмон, насби таҷҳизот ва дигар соҳаҳо равона шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ҷумҳурӣ аллакай зиёда аз 700 ширкат бо сармояи Чин амал мекунанд.

Созишнома дар бораи ҳавасмандсозии мутақобила ва ҳифзи сармоягузориҳо байни ҳукуматҳои ду кишвар 5 июни соли 2024 аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи олӣ дар Душанбе ба имзо расид. Муҳлати амали ин санад 15 солро ташкил медиҳад.

Раҳимзода таъкид дошт, ки созишномаи мазкур ба ҳифзи манфиатҳои сармоягузорон ва таҳкими заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти иқтисодии ҷонибҳо нигаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки Чин ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз нимаи дуюми солҳои 2000-ум (аз соли 2007) оғоз намуда, дар як фурсати кӯтоҳ ба сармоягузори асосии ҷумҳурӣ табдил ёфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.