Муҳоҷиронро ба пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ зимни вуруд ба Русия уҳдадор мекунанд

Вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод намудаанд, ки муҳоҷирон ба пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ (справка) дар бораи мавҷуд набудани сироятҳои вирусӣ зимни вуруд ба Русия уҳдадор шаванд. Дар ин бора вакили Дума Ярослав Нилов дар шабакаи Telegram-и худ хабар додааст. “Хориҷиёне, ки барои дарёфти даромад ба Русия меоянд, бояд мушкилоти моро ҳал кунанд, на он ки мушкилоти […]

Asia-Plus

Вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод намудаанд, ки муҳоҷирон ба пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ (справка) дар бораи мавҷуд набудани сироятҳои вирусӣ зимни вуруд ба Русия уҳдадор шаванд. Дар ин бора вакили Дума Ярослав Нилов дар шабакаи Telegram-и худ хабар додааст.

“Хориҷиёне, ки барои дарёфти даромад ба Русия меоянд, бояд мушкилоти моро ҳал кунанд, на он ки мушкилоти худро биёранд. Масалан, дар як қатор кишварҳо шахсро бе доштани полиси суғуртаи тиббӣ ба кишвар роҳ намедиҳанд. Пас чаро дар ҳолати оммавӣ  омадани муҳоҷирон ба Русия мо ин талаботро нодида мегирем?”, — навиштааст ӯ.

Ба гуфтаи Нилов, лоиҳаи қонуне таҳия шудааст, ки бар асоси он, шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми гузаштан аз сарҳад ба пешниҳоди полиси амалкунандаи суғуртаи тиббӣ ва маълумотномаҳо дар бораи набудани ВНМО, гепатитҳои B ва C, оташак (сифилис) ва сил уҳдадор мешаванд.

Илова бар ин, ҳуҷҷате талаб мешавад, ки далели аз ҷониби шахс истеъмол накардани маводи мухаддир ва моддаҳои психотропиро тасдиқ кунад. Вакил таъкид доштааст, ки бе ин ҳуҷҷатҳо вуруд ба Русия ғайриимкон хоҳад буд.

Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳлати зиёда аз 90 рӯз ба Русия меоянд, бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Айни замон ин муоина одатан баъд аз ворид шудан ба Русия анҷом дода мешавад.

Дар ташаббуси Нилов гузаронидани назорат ё худ муоинаи тиббӣ ба марҳилаи то гузаштан аз марз, яъне дар кишвари худ пешниҳод шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.