Дар Тоҷикистон дар ним сол чӣ қадар барқ истеҳсол шуду киҳо то ҳол пули онро пардохт накардаанд?

Маблағи қарз барои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон то 1-уми июли соли равон ба 4 млрд 465,5 млн сомонӣ (468 млн доллар) расид. Дар ин бора дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд. Ин нишондиҳанда 340,5 млн сомонӣ ё худ 8,2% зиёдтар нисбат ба аввали соли 2025 аст.   Қарздорони бузург   Чӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маблағи қарз барои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон то 1-уми июли соли равон ба 4 млрд 465,5 млн сомонӣ (468 млн доллар) расид. Дар ин бора дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ин нишондиҳанда 340,5 млн сомонӣ ё худ 8,2% зиёдтар нисбат ба аввали соли 2025 аст.

 

Қарздорони бузург

 

Чӣ қадар нерӯи барқ истеҳсол шуд?

Дар зарфи 6 моҳи аввали соли равон истеҳсоли нерӯи барқ дар саросари кишвар 11 млрд 812 млн кВт*соатро ташкил додааст, ки 1 млрд 445,5 млн кВт*соат ё худ 12,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Нерӯи барқ аз ҷониби ширкату корхонаҳои зерин истеҳсол шуд:

 

Содироти нерӯи барқ

Дар нимсолаи аввал аз ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 322,6 млн сомонӣ 1 млрд 123,3 млн кВт*соат нерӯи барқ содир шудааст.

Ҳаҷми интиқол ба хориҷи кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 405 млн кВт* соат ё худ 56,4% афзудааст.

Нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои зерин интиқол ёфтааст:

 

Талафот

Талафоти умумӣ дар низом (система) 2 млрд 262,2 млн кВт*соатро ташкил додааст, ки ба 17,2%-и истеҳсол баробар аст. Ҳаҷми талафот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 3,3% кам шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.