Сӯхтор дар бозорчаи “Уяли”-и ноҳияи Хуросон. Мақомот сабаби сӯхторро шарҳ доданд

Дирӯз, 31-уми август дар бозорчаи маъруф ба “Уяли” дар ноҳияи Хуросон сӯхтор сар задааст, ки ба иттилои расмӣ, сабаби он “расиши ноқили барқ дар яке аз дӯконҳо” аст. Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор соати 13:40 сар шуда, соати 14:38 хомӯш карда шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, сӯхтор масоҳати 150 метри мураббаъро […]

Дирӯз, 31-уми август дар бозорчаи маъруф ба “Уяли” дар ноҳияи Хуросон сӯхтор сар задааст, ки ба иттилои расмӣ, сабаби он “расиши ноқили барқ дар яке аз дӯконҳо” аст.

Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор соати 13:40 сар шуда, соати 14:38 хомӯш карда шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, сӯхтор масоҳати 150 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

“Дар натиҷаи сӯхтор, боми маркази савдо, чанд дӯкони либос ва таъмири телефонҳо зарар дидаанд. Сабаби сар задани сӯхтор расиши ноқили барқ дар яке аз дӯконҳо буда, шахси гунаҳкор ва зарари расида муайян карда мешавад”, -гуфтанд аз ин ниҳод.

Дар пайи сӯхтор, ба қавли мақомот, касе осеб надидааст.

Навори сӯхтор, ки дар он гуфта мешавад бозорчаи “Уяли” дар Хуросон аст, рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва таваҷҷуҳи корбаронро ба худ ҷалб крад.

Бояд гуфт, ки оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд иттифоқ меафтад, ки мақомот аксаран сабаби сӯхторро расиши сим ё аз беэҳтиётии худи сокинон унвон мекунанд.

Тибқи иттилои ВКД, дар 6 моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 564 сӯхтор сар задааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024 (497 ҳодиса) 33 ҳолат бештар будааст. Дар пайи ин сӯхторҳо 14 нафар ҷон бохта 87 нафар аз коми оташ наҷот ёфтаанд. Зарари расида аз сӯхторҳои ним соли гузашта 15 миллиону 662 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.