Тақдими ҷоизаи байнулмилалии сулҳ ба сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон

Дар Маскав гирандагони Ҷоизаи дуюми байнулмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой эълон шуданд. Бо қарори ҳакамон ин ҷоиза дар соли 2025 ба сарони кишварҳои Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон – Садир Жапаров ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев сазовор дониста шуданд. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, маросими мазкур дар рӯзи зодрӯзи адиб ва файласуфи рус Лев […]

Asia-Plus

Дар Маскав гирандагони Ҷоизаи дуюми байнулмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой эълон шуданд. Бо қарори ҳакамон ин ҷоиза дар соли 2025 ба сарони кишварҳои Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон – Садир Жапаров ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев сазовор дониста шуданд.

Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, маросими мазкур дар рӯзи зодрӯзи адиб ва файласуфи рус Лев Толстой баргузор шудааст.

Раиси ҳакамони ҷоиза, Валерий Гергиев изҳор доштааст, ки қарор якдилона қабул шуда, ба ҷоиза сарони давлатҳое, ки дар таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми назаррас гузоштаанд, сазовор дониста шуданд.

Ба масъалаи имзои Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Ин иқдом ба расмиёти ҳуқуқии ҳудудҳои умумӣ комилан хотима бахшида, дар таъмини амнияти баробар, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо саҳми арзанда гузошт.

Ба ҳайати ҳакамон ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Аргентина, Беларус, Ҳиндустон, Чин, Русия, Фаронса,Ҷусҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Ҷопон шомил буданд.

Пйер де Голл, набераи асосгузории Ҷумҳурии Фаронса генерал Шарл де Голл зикр кардааст, ки имсол ҷоиза ба сарони давлатҳое, ки ба хотири сулҳу субот кор карда, модели нави ҳалли мушкилотро тариқи роҳу усулҳои башардӯстона, на тариқи низоъҳо нишон медиҳанд, тақдим шуд.

Фонди Ҷоизаи байнулмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой 22 июни соли 2022 аз ҷониби Ҷамъияти таърихии Русия, Фонди сулҳи Русия ва Ҷамъияти ҳарбиву таърихии Русия таъсис дода шуд. 

Қобили зикр аст, ки ҷоизаи мазкур барои хидматҳои арзанда баҳри пешгирии таҳдиди ҷанги ҷаҳонӣ, саҳм дар таъмини амният бар асоси ҳуқуқи байнулмилалӣ, инчунин дастовардҳо дар маъракаҳои бесилоҳгардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дода мешавад. Соли 2024 ин ҷоиза ба Иттифоқи Африқо тақдим шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.