“Танҳо як саги дайду ба 24 кас осеб расонид”. Вазорати тандурустӣ ҳамлаи сагҳо ба сокинони Ҳисорро шарҳ дод

Дар пайи ҳамлаи сагҳои оворагард дар сокинони деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор 24 кас осеб дида, то ҳол 6 каси онҳо дар беморхона бистарӣ мебошанд. Дигарон баъди гирифтани эм ё воксина аз бемории ҳорӣ (девонагӣ) аз бемористон рухсат шудаанд. Мақомот мегӯянд дар пайи ин ҳодиса, 38 саги дайдуро "безарар карданд". Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар пайи ҳамлаи сагҳои оворагард дар сокинони деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор 24 кас осеб дида, то ҳол 6 каси онҳо дар беморхона бистарӣ мебошанд. Дигарон баъди гирифтани эм ё воксина аз бемории ҳорӣ (девонагӣ) аз бемористон рухсат шудаанд. Мақомот мегӯянд дар пайи ин ҳодиса, 38 саги дайдуро "безарар карданд".

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шарҳи ин ҳодиса ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “танҳо як саги дайду ба 24 кас осеб расонидааст”.

“Ҳамашонро саг газидагӣ нест. Бархеҳо аз чорвои хонагӣ, ки саг онҳоро низ захмӣ кардааст, сироят ёфтаанд. Баъзеҳо харош доранд, бархеҳо дастонашон луоб шудааст. Ҳамаи нафарони бақайдгирифташуда вояи якум ва дуюми воксинаи зиддиҳориро гирифтанд. Ҳоло 6 нафар, ки захмашон амиқ буд, дар беморхонаи шаҳри Ҳисор ва Беморхонаи "Шифобахш" (Қарияи Боло) бистарӣ ҳастанд. Вазъи саломатии онҳо вахим нест”,-гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи ӯ баъди ин ҳодиса ҳукумати шаҳри Ҳисор гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҳамаи сагҳои оворагардро нест кардаанд.

“Дар умум 38 саги дайду ва бесоҳибро дошта маҳв карда шуданд. Ҳоло табибон дар ҳамаи хонаҳои деҳаи Гулханӣ рафта назорат карда истодаанд. Шахсоне, ки осеб дида буданд баъди ҷавоб шудан аз беморхона таҳти назорати доимӣ қарор доранд”,-иброз дошт номбурда.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 5-уми сентябр дар деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор сагҳои оворагард ба сокинони ин деҳа ҳамла карда онҳоро захмӣ карданд. Илҳом Қараев, сардухтури бемористони Ҳисор қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аксари маҷруҳон “аз рӯй ва даст зарар дидаанд”.

Сардухтур ҳам гуфта буд, ки 6 нафар дар беморхона қарор дошта, нафарони боқимонда баъди гирифтани воксина аз бемористон рухсат шудаанд

Бояд гуфт, ки дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, чанд кӯдаки аз ҳамлаи сагҳо захмбардошта дида мешавад. Бархеи онҳо дар беморхона қарор доранд. Дар ин наворҳо дида ва гуфта мешавад, ки чанд сагро дар пайи ин ҳодиса сокинон куштаву оташ задаанд.

Ин аввалин ҳодисаи ҳамлаи сагҳои дайду ба сокинон дар минтақаҳои Тоҷикистон нест. Қаблан сагҳои оворагард ва бемории ҳоридошта ба сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамла карда, ба онҳо осеб расонида буд.

Дар пайи ин ҳодисаҳо, мақомот дар бештари ҳолатҳо, маъракаи безараргардонӣ ё куштори сагҳои дайдуро ба роҳ мемонанд. Ин амал дар гузашта хашми ҷонвардӯстдоронро оварда буд, ки  мақомот ба ҷойи нигаҳбонии сагҳо дар макони махсус онҳоро бераҳмона нобуд мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.