Тими миллии олимпии Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифта натавонист

Дар бозии даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни тимҳои миллии то 23-сола (U-23) Тоҷикистон аз Сурия шикаст хӯрда, роҳхат ба марҳилаи асосии ин мусобиқаро аз даст дод. Рақобати дастаҳои олимпии футболи Тоҷикистону Сурия шоми рӯзи 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи дастаи меҳмон анҷом ёфт. Дар бозии дигари гурӯҳи […]

Asia-Plus

Дар бозии даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни тимҳои миллии то 23-сола (U-23) Тоҷикистон аз Сурия шикаст хӯрда, роҳхат ба марҳилаи асосии ин мусобиқаро аз даст дод.

Рақобати дастаҳои олимпии футболи Тоҷикистону Сурия шоми рӯзи 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи дастаи меҳмон анҷом ёфт. Дар бозии дигари гурӯҳи “К”, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, Филиппин бо натиҷаи 4:0 Непалро ноком кард.

Ҳамин тавр, аз ин гурӯҳ танҳо тими миллии олимпии Сурия бо ғалаба дар ҳамаи бозиҳо ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои олимпӣ 34 даста ширкат карда, дар 11 гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) мубориза бурданд. Баъди анҷоми марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва чаҳор тими беҳтарини зинаҳои дуюм ба қисми ниҳоии мусобиқа, ки аз 7 то 25-уми январ дар Арабистони Саудӣ доир мегрдад, роҳхат гирифтанд.

Аз миёни кишварҳои ҳамсояи мо Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.