“Оилаи духтар хостгории писарро рад кардаанд”. Як ҷавони тоҷикро бо гумони куштани дӯстдоштааш боздошт кардаанд

Мақомот як ҷавони 20-соларо бо гумони куштори бераҳмонаи духтари 19-солае, ки зоҳиран дӯстдоштааш будааст, дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ аз гумонбаршуда ном набурда, танҳо гуфтааст, ки сокини ноҳияи Зафаробод аст. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҷавони 20-сола рӯзи 5-уми сентябр аз ҳисси рашк бинобар сабабе, ки оилаи духтар хостгории ӯро рад кардаанд, ҷавондухтари 19-соларо ба ҷои […]

Asia-Plus

Мақомот як ҷавони 20-соларо бо гумони куштори бераҳмонаи духтари 19-солае, ки зоҳиран дӯстдоштааш будааст, дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ аз гумонбаршуда ном набурда, танҳо гуфтааст, ки сокини ноҳияи Зафаробод аст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҷавони 20-сола рӯзи 5-уми сентябр аз ҳисси рашк бинобар сабабе, ки оилаи духтар хостгории ӯро рад кардаанд, ҷавондухтари 19-соларо ба ҷои номаълуме бурда, бо корд “16 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зарба задааст”.

Сипас, ба қавли мақомот, гумонбаршуда ҷабрдидаро ба дохили як бинои сохтмонаш нотамом дар деҳаи Логин дароварда, бо бензин оташ зада, ба қатл расонидааст. Духтар ҳам сокини ноҳияи Зафаробод будааст.

Мақомот алайҳи гумонбаршаванда бо қисми 2-и моддаи 104 (одамкушӣ) парванда боз кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.

Аммо назари гумонбар ва ё пайвандону вакили дифоаш дар робита ба иттиҳом маълум нест.

Куштор дар заминаи рашк дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки рух медиҳад. Соли гузашта як ҷавонзани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва модари 4 фарзанд ба он муттаҳам шуд, ки дар заминаи рашк шавҳарашро корд задааст.

Пештар аз ин, як сокини 38-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳам дар пайи рашк ҳамсарашро кушта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.