Имзои се санади марбут ба муҳоҷират. Байни Тоҷикистону Русия 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Имрӯз, 9-уми октябр баъди мулқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия дар “Қасри миллат”, байни ду кишвар 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки се ҳуҷҷат бевосита ба масъалаи муҳоҷират рабт дорад. Пеш аз оғози гуфтушунидҳо, Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путинро дар майдони "Қасри миллат" пешвоз гирифт. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 9-уми октябр баъди мулқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия дар “Қасри миллат”, байни ду кишвар 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки се ҳуҷҷат бевосита ба масъалаи муҳоҷират рабт дорад.

Пеш аз оғози гуфтушунидҳо, Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путинро дар майдони "Қасри миллат" пешвоз гирифт. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

 

Мулоқоти як ба як ва бо ҳайатҳо

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар суҳбати рӯбарӯ, Эмомалӣ Раҳмон аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат кардааст.

Владимир Путин Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор доштааст, ки “Русия чунин муносибатҳоро бо он баланд қадр мекунад”.

Ҳамчунин, дар музокироти васеи сатҳи олӣ миёни ду кишвар аз ҷумла масъалаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, илму маориф ва амнияту мудофиа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози музокироти васеъ таъкид доштааст, ки “Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад” ва ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва бахши амният ҳамкории наздик доранд.

Ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, ки чанд соли охир доғ шудааст, дар дидори ду роҳбари давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Аз ҷумла, Владимир Путин гуфтааст, “ҳамкории ҷонибҳо дар масъалаҳои муҳоҷират дар фазои созанда пеш меравад”.

Мушаххасан маълум нест, ки дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин чӣ гуфтушунид карда бошанд.

Инчунин, дар ин дидор роҳбарони ду кишвар ба омода намудани кадрҳои дараҷаи баланди соҳаҳои гуногун ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ кардаанд.

Дар самти амниятӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва хадамоти махсус дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои киберӣ таъкид гардидааст.

 

Санадҳо нав дар бораи муҳоҷират ва ҳамкориҳои дигар

Пас аз музокирот, раисҷумҳурони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин зери "Изҳороти муштарак дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарики стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия" имзо гузоштанд.

Инчунин, миёни Тоҷикистону Русия 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст:

Нақшаи чорабиниҳои афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Тоҷикистон ва Русия барои солҳои 2025-2030;

Созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба амалисозии лоиҳаи ташкили кластери саноати сабуки гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Тоҷикистон;

Созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Русия;

Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ;

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати  Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия аз 17 апрели соли 2019;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Гвардияи миллии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Русия;

 Созишнома миёни Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Русия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

 Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳо дар самти нақлиёт барои солҳои 2025-2030 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Русия;

Ёдошти тафоҳум дар самти мубориза бар зидди вабо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорат оид ба  ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсони Русия;

 Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ;

Харитаи роҳ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Росатом оид ба татбиқи санҷиши пешазлоиҳавии радиатсионӣ ва тадқиқоти партовгоҳи Деҳмой дар Тоҷикистон ва таҳияи асосҳои молиявии иқтисодии безараргардонии он;

Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Русия;

Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Русия оид ба масъалаҳои истифодаи спектри радиобасомад, муқовимат ба паҳншавии иттилоот ва (ё) захираҳои иттилоотии ғайриқонунӣ дар шабакаи интернет, муқовимат ба зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа;

Созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия;

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хидмати давлатии Тоҷикистон ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Русия.

 

Натиҷаҳои музокирот

Дар нишасти матбуотӣ пас аз имзои санадҳо, Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои музокирот изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид кардааст, ки гуфтугӯҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд.

Ӯ аз аҳамияти тавофуқот доир ба афзунсозии ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ ёдоварӣ кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба рушди ҳамкории ду кишвар “такони нав” хоҳанд бахшид.

Владимир Путин низ ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ “баҳои баланд” додааст. Ӯ Тоҷикистонро “ҳампаймони боэътимод номида”, изҳор доштааст, ки муносибатҳо дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дифоъ ва амният, ба таври мусбат рушд мекунанд.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои 8-10-уми октябр шаҳри Душанбе мизбони чанд чорабинии байналмилалӣ мегардад, ки дар он роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), дар маҷмуъ қариб 10 роҳбари давлат иштирок мекунанд.

Дар остонаи баргузории ин ҳамоишҳо байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахтии кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣмасҷидҳо ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе давоми 3 то 6 рӯз баста мешаванд.

Рӯзҳои 8-10-уми октябр дар Душанбе кадом чорабиниҳо баргузор мегарданд? Дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.