Омбудсмени тоҷик аз риоя нашудани ҳуқуқҳои гурезагон дар Тоҷикистон интиқод кардааст

Ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон аз риоя нагардидани ҳуқуқҳои гурезаву паноҳҷӯён дар Тоҷикистон, ки дар қонун дар бора гурезагон пешбинӣ шудааст, интиқод кардааст. Мушкилоти гурезаҳоро Омбудсмени кишвар дар гузориши соли 2024, ки чанде пеш расонаӣ шуд, зикр кардааст. Ба даст овардани мақоми гуреза, бақайдгирии муваққатӣ, ҳамгироии маҳаллӣ, шуғл, таҳсил ва гирифтани маълумотнома аз ҷойи […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон аз риоя нагардидани ҳуқуқҳои гурезаву паноҳҷӯён дар Тоҷикистон, ки дар қонун дар бора гурезагон пешбинӣ шудааст, интиқод кардааст. Мушкилоти гурезаҳоро Омбудсмени кишвар дар гузориши соли 2024, ки чанде пеш расонаӣ шуд, зикр кардааст.

Ба даст овардани мақоми гуреза, бақайдгирии муваққатӣ, ҳамгироии маҳаллӣ, шуғл, таҳсил ва гирифтани маълумотнома аз ҷойи зистро ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз мушкилоти дигари гурезагон дар Тоҷикистон гуфтааст.

Ба иттилои манбаъ, то охири соли 2024 шумораи гуреза ва паноҳҷӯён дар кишвар 10 ҳазору 753 нафарро ташкил медод, ки ин 2 ҳазору 670 оила аст. Аз ҷумла гурезагон 9 ҳазору 424 нафар (2 ҳазору 140 оила) буда, шумораи паноҳҷӯён 1 ҳазору 329 нафар (530 оила) аст.

Гуфта шудааст, ки 6 ҳазору 774 ё 63% гурезаву паноҳҷӯ дар Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.

Мувофиқи омори СММ, соли 2022 шумораи муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни Афғонистон дар Тоҷикистон тақрибан ҳудуди 14 ҳазорро дар бар мегирифт. Соли 2024 бошад, Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо шумораи гуреза ва паноҳҷӯёнро, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, 10 ҳазору 381 нафар гуфта буд.

Ин ниҳод гуфтааст, танҳо “давоми соли 2024 ба 2 ҳазору 280 нафар шаҳодатномаи гуреза ва ба 2 ҳазору 591 нафар шаҳодатномаи бақайдгирии муваққатӣ дода шуда, мақоми гурезагии 4 нафар бинобар сабаби пешниҳод намудани маълумотҳои беасос ва бардурӯғ рад карда шудааст”.

Аммо гуфта намешавад, ки ин 4 нафар шаҳрванди кадом кишвар буданд.

Ёдрас мешавем, соли 2024 мақомоти Тоҷикистон даҳҳо шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳамчун паноҳанда буданд, барои риоя накардани қоидаҳои будубоши кишвар аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ карда буданд. Гузоштани риши бенизом, пӯшидани либоси бегона, нӯшидани машрубот, мунозираҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз далоили ихроҷи онҳо гуфта мешуд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар нишатси матбуотӣ, ки тобистони соли равон гузашт, далели ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз хоки Тоҷикистонро ба қонуншиканӣ аз сӯи онҳо рабт дода гуфт, “гарчанде, онҳо қонунӣ иқомат доштанд, вақте қонунро шикастанд ихроҷ мешаванд”.

Бояд гуфт, гурезагон асосан дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон будубош доранд. Соли 2021, замоне ки дар Афғонистон Толибон* ба сари қудрат омаданд ва афғонистониёни зиёде дар Тоҷикистон паноҳ бурданд, камбуди паноҳгоҳ дар кишвар аз масоили ҳалталаб гуфта мешуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода моҳи августи имсол гуфта буд, ки гурезагоне, ки ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд, дар шаҳру навоҳии кишвар ҷобаҷо шудаанд ва “ҳоло ягон эҳтимоли ҷиддӣ вобаста ба омадани гурӯҳи калони гурезагон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.