Паноҳгоҳ барои гурезагон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. Он кай сохта мешавад?

Дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ бунёди як паноҳгоҳ барои гурезагон идома дорад ва интизор меравад, ки он соли 2028 ба истифода дода шавад. Дар ин бора, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дирӯз, 4-уми август, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин паноҳгоҳ калон буда, то ҳол корҳои сохтмонӣ идома дорад. Аммо ӯ […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ бунёди як паноҳгоҳ барои гурезагон идома дорад ва интизор меравад, ки он соли 2028 ба истифода дода шавад. Дар ин бора, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дирӯз, 4-уми август, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин паноҳгоҳ калон буда, то ҳол корҳои сохтмонӣ идома дорад. Аммо ӯ аз ҳеҷ рақаме ҳарф назад.

Раиси Кумита гуфт, он гурезагоне, ки ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд, дар шаҳру навоҳии кишвар ҷобаҷо шудаанд.

Бояд гуфт, гурезагон асосан дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон будубош доранд.

Ҳамчунин, Кумита дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо муайян намудааст, ки ҳоло ягон эҳтимоли ҷиддӣ вобаста ба омадани гурӯҳи калони гурезагон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Бояд гуфт, масъалаи бунёди паноҳгоҳ ва ё урдугоҳҳо барои гурезагон замоне доғ гардид, ки соли 2021 дар Афғонистон Толибон* ба сари қудрат омаданд ва афғонистониёни зиёде дар Тоҷикистон паноҳ бурданд.

Моҳи сентябри соли 2021 Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки барои бунёди паноҳгоҳ кӯмаке аз созмонҳои ҷаҳонӣ дарёфт нашудааст ва “имкони қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯён вуҷуд надорад”.

Он замон ӯ гуфта буд, бо мақсади сохтани урдугоҳҳо ҷиҳати қабулу бо шароити мусоид таъмин кардани гурезаҳо Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва ВМКБ 70 га замин ҷудо кардааст.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон низ гуфта буд, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ ба сохтмони паноҳгоҳ дар ноҳияи Ҷайҳун машғул аст.

Бо ишғол шудани минтақаҳои шимолии Афғонистон аз тарафи Толибон дар аввали моҳи июли соли 2021 садҳо шаҳрвандони Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.

Он замон Рамазон Раҳимзода гуфта буд, ки танҳо дар 15 соли охир Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор гурезаи афғонистониро қабул намуда, инчунин баъди аз ҷониби "Толибон" тасарруф гардидани Кобул, ҳудуди 5 ҳазор нафар низомиёни афғонистонӣ сарҳади Тоҷикистонро убур кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.