Чаро калонтарин корхонаи истеҳсоли орд дар муҳлати ваъдашуда ба кор надаромад?

Яке аз калонтарин корхонаи истеҳсоли орд дар кишвар, ки тибқи ваъдаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бояд моҳи марти соли равон ба кор медаромад, то ҳол ба кор шуруъ накардааст. Қурбоналӣ Қурбонзода, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сабаби ба кор оғоз накардани корхонаро ба мушкили техникӣ рабт дод ва ваъда кард, ки "рӯзҳои наздик ба кор медарояд". […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Яке аз калонтарин корхонаи истеҳсоли орд дар кишвар, ки тибқи ваъдаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бояд моҳи марти соли равон ба кор медаромад, то ҳол ба кор шуруъ накардааст.

Қурбоналӣ Қурбонзода, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сабаби ба кор оғоз накардани корхонаро ба мушкили техникӣ рабт дод ва ваъда кард, ки "рӯзҳои наздик ба кор медарояд". Вале мушаххас нагуфт, ки он кай ба кор сар мекунад.

“Корхона пурра азнавсозӣ шуда, тамоми таҳҷизот, аз ҷумла, хатҳои истеҳсолӣ ба технологияи наву замонавӣ иваз карда шуд. Гуфта метавонем, ки пурра омодаи кор аст ва рӯзҳои наздик ба кор медарояд”,- гуфт муовини раис дар нишасти хабарӣ чанд рӯз пеш.

Ин дар ҳолест, ки Рустам Холиқзода, раиси ин ноҳия дар моҳи феврали соли ҷорӣ, гуфта буд, ки корхонаи мазкур моҳи марти соли равон ба кор медарояд. Вале маълум мешавад, ки дар ин мущлат корхона ба кор о-оз накардааст.

Бояд гуфт, ки корхонаи истеҳсоли орд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Қолхозобод) яке аз калотарин корхонаҳои истеҳсоли орд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 500 тонна орди навъҳои гуногун мебошад. Баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ чанд соли дигар то андозае фаъолият кард, вале дигар аз кор бозмонд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.