Баъди интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Мастчоҳ 90% тухмии пахтаро иваз кардаанд

Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ки соли гузашта ҳамагӣ 60 фоизии нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуда буд, 90% тухмии пахтаро иваз ва аз кишварҳои ҳамсоя харидорӣ кардаанд. Ҳамчунин, парвариши пахтаро бо технологияи нав ба роҳ мондаанд. Ин ҳама пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар сурат гирифтааст. Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни нишасти хабарӣ гуфт, имсол […]

Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ки соли гузашта ҳамагӣ 60 фоизии нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуда буд, 90% тухмии пахтаро иваз ва аз кишварҳои ҳамсоя харидорӣ кардаанд. Ҳамчунин, парвариши пахтаро бо технологияи нав ба роҳ мондаанд. Ин ҳама пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар сурат гирифтааст.

Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни нишасти хабарӣ гуфт, имсол дар майдони беш аз 10 ҳазор га пахта кишт шудааст ва нақша доранд, 28 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд.

“Тухмии нав хуб нашъунамо кард ва кишоварзони ноҳияи имсол бо сари баланд аз уҳдаи иҷрои нақшаи ҷамъварии пахта мебароянд”, – зикр кард Ализода.

Ӯ мушкил дар иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахтаро аввали имсол, зимни нишасти матбуотӣ эътироф карда, зикр карда буд, ки соли 2024 “дар ноҳия бояд 28 ҳазору 400 тонна пахта ҷамъоварӣ мешуд, аммо ҳамагӣ 17 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд. Яъне аз нақша наздики 11,4 ҳазор тонна  кам ҷамъоварӣ гардид”.

 

“Ҳаво якбора 43-44 дараҷа гарм шуд, ки деҳқонон 20-30% ҳосилро аз даст доданд. Ҳатто дар баъзе хоҷагиҳо пахта як-ду ваҷаб қад кашиду боз хушкид. Баъди дархоси мо аз тарафи  як шӯъбаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ  ташхис карданд ва маълум шуд, ки беш аз 40%-и тухмиҳое, ки дар ноҳияи Мастчоҳ мавҷуд аст тухмиҳои  техникӣ будааст”-шарҳ дода буд ӯ.

Иҷро нашудани нақшаи ҷамъварии пахта дар аввали соли гузашта дар ҷаласаи ҳукумати кишвар ҳам аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар мавриди интиқод қарор гирифт.

Ӯ гуфт, “… барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, пахта ва ғалладонагиҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд”.

Бояд гуфт, Мастчоҳ ягона ноҳияе нест, ки соли гузашта нақшаи ҷамъварии пахтаро иҷро накардааст. Ба иттилои мақомоти вилоят, ҳамаи 7 шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки пахта кишт мешавад, нақшаро иҷро накардаанд. Аммо маълум нест, ки навоҳии боқимонда барои ислоҳи вазъ чӣ кор кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.