Дар мактабҳои олии Ӯзбекистон беш аз 1100 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд

То охири моҳи июни соли 2025 дар мактабҳои олии Ӯзбекистон 1145 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки аз рӯйи теъдод, сеюмин гурӯҳи донишҷӯёни хориҷӣ дар ин кишвар аст. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад. Дар Ӯзбекистон айни замон ҳамагӣ 9,5 ҳазор хориҷӣ таҳсил мекунанд. Давоми як сол теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ 17,3%афзудааст. Аз ҳама зиёдтар […]

То охири моҳи июни соли 2025 дар мактабҳои олии Ӯзбекистон 1145 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки аз рӯйи теъдод, сеюмин гурӯҳи донишҷӯёни хориҷӣ дар ин кишвар аст. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Дар Ӯзбекистон айни замон ҳамагӣ 9,5 ҳазор хориҷӣ таҳсил мекунанд. Давоми як сол теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ 17,3%афзудааст.

Аз ҳама зиёдтар донишҷӯён аз Ҳиндустон (2780 нафар) ва Туркманистон (2622 нафар) омадаанд. Ҳамчунин ба рӯйхати кишварҳо бо шумори нисбатан зиёди донишҷӯён Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Қирғизистон, ИМА, Афғонистон ва Туркия шомиланд.

 

Донишҷӯёни тоҷик боз дар кадом кишварҳо таҳсил мекунанд?

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, то аввали соли хониши 2024/2025 дар хориҷи кишвар 41 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекарданд. Ҷуғрофияи он даҳҳо кишварро фаро мегирад, лекин аксарияти онҳо дар панҷ давлат мутамарказанд.

Русия бешубҳа пешсаф аз лиҳози қабули донишҷӯёни тоҷик аст, зеро 33 178 нафар маҳз макотиби олии Русияро интихоб кардаанд. Ин зиёда аз 80% аз теъдоди умумиро ташкил дода, сабабаш бештар донистани забони русӣ, робитаҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин имзои созишномаҳои байнидавлатӣ ва ҷудо гардидани квотаҳо барои таҳсилу омӯзиш маънидод мешавад.

Дар зинаи дуюм Чин қарор дорад, ки 2990 нафар донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар таҳсил мекунанд. Чин бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар доираи СҲШ ҳамкориҳоро ривоҷ медиҳад. Таҳсил дар ин ҷо бо забонҳои чинӣ ва англисӣ сурат гирифта, стипендияҳо пешниҳод мешаванд. Ба тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи муҳандисиву техника бештар таваҷуҳ зоҳир мешавад.

Қазоқистон низ яке аз самтҳои серталаб дар ин соҳа буда, дар ин ҷо 970 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Туркия ҳудуди 900 донишҷӯро аз Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифтааст. Омилҳои асосии таваҷҷуҳ – таълими дастрас, имкони дарёфти бурсияҳо ва таваҷҷуҳи баланд ба фанҳои гуманитарӣ, инчунин пайвастагии умумии диниву фарҳангӣ арзёбӣ мешавад.

Боз 3252 нафар дар дигар кишварҳо таҳсил мекунанд. Миёни онҳо Ҳиндустон, Олмон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо номбар мешаванд, ки барои донишҷӯёни хориҷӣ барномаҳои таълимӣ ва стипендияҳо пешниҳод мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.