Мардон дар ним сол беш аз 57 млн сомонӣ алимент пардохт кардаанд

Дар 6 моҳи соли равон 1 ҳазору 56 кас, ки дар рӯйхати қарздорони Хадамоти иҷро буданд ва ҳаққи тарки кишварро надоштанд, 15,8 млн сомонӣ қарзи худро пардохт кардаанд. Аз ин маблағ 5,2 млн сомонӣ қарз аз алимент будааст. Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯза, 5-уми август гуфт, дар ин давра беш […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар 6 моҳи соли равон 1 ҳазору 56 кас, ки дар рӯйхати қарздорони Хадамоти иҷро буданд ва ҳаққи тарки кишварро надоштанд, 15,8 млн сомонӣ қарзи худро пардохт кардаанд. Аз ин маблағ 5,2 млн сомонӣ қарз аз алимент будааст.

Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯза, 5-уми август гуфт, дар ин давра беш аз 57 млн 329 ҳазор сомонӣ алимент ба модару кӯдак пардохт шудааст, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта қариб 36 млн сомонӣ зиёд мебошад.

“Қонун дар ситоиши алимент ҷинсро муайян намекунад, қарздор метавонад мард ё зан бошад. Дар 56 ҳолат аз ҳисоби фарзандон ба манфиати волидайн, 28 ҳолат аз ҳисоби зан ба манфиати мард ва фарзандон ва дар 40 ҳолат аз ҳисоби бобо ва бибӣ ба манфиати наберагон маблағи алимент ситонида шуд” – гуфт ӯ.

Вале ӯ ҳаҷми маблағи алимент аз ҳисоби зан ба манфиати мард ё бобову бибӣ ба манфиати наберагонро нагуфт.

Номбурда гуфт, барои бадқасдона саркашӣ намудан аз пардохти маблағи алимент дар ним сол нисбати 156 қарздор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 410 нафар барои саркашӣ аз пардохти маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи зист дар  кофтуков эълон шудаанд.

Дар ҳаимн ҳол, Алиҷон Аминзода, сардори Раёсати ташкил ва назорати иҷрои хадамот дар нишасти хабарӣ гуфт, аз 156 нафаре, ки нисбаташон парванда боз шуд, 25 кас зиндонӣ шуда, 107 тан ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шуданд ва 25 нафари дигар ҷарима шуданд.

“Онҳое, ки дар зиндонанд ё ба корҳои ислоҳӣ ҷалб мешаванд, аз пардохти алимент озод намегарданд. Онҳо ба корҳои муайяни меҳнатӣ ҷалб мешаванд ва аз маблағе, ки барои ин мегиранд, маблағи алиментро пардохт мекунанд”, – илова кард ӯ.

Масъули ин ниҳод таъкид кард, ки муаяйн намудани маблағи алимент ва ё каму зиёд кардани он дар уҳдадории ин ниҳод набуда, онҳо танҳо барои ситонидани маблағе ҷавобагаранд, ки тибқи қарорҳои додгоҳ муайян карда шуда,  барои иҷро ба ин ниҳод равон карда мешавад.

 

“Рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро

Абдуллозода Атҳам гуфт, дар 6 моҳи соли равон 1 ҳазору 308 шахси воқеӣ ва 10 шахси ҳуқуқӣ Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ё ба қавле “рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро ворид карда шуданд, ки баъди ин наметавонанд кишварро тарк кунанд.

Ба ин феҳрист қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои додгоҳ бояд маблағи қарзро пардохт кунанд.  Ҳадафи он ба таври иҷборӣ ситонидани қарзҳое аст, ки тибқи санади судӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муваззаф шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар умум то имрӯз, 2 ҳазору 910 нафар дар ин феҳрест қарор доранд, ки бидуни пардохти маблағи қарз наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд. 

“Агар алимент супорандагон дар муддати ду моҳ маблағи алиментро пардохт накунанд ба феҳристи қарздорон дохил шуда, маҳдудиятҳои убури сарҳад барои онҳо низ ҷорӣ карда мешавад” – таъкид кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки мушкили саркашӣ аз пардохти алимент нав набуда, солҳои қабл низ мақомот ҷой доштани онро зикр мекарданд. Солҳои охир манъи хуруҷи нафарони саркаш аз пардохти алиментро ҳамчун яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала муаррифӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.