Бозёфти шаҳраки Хутали қадим – Андичароғ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Аз ин шаҳрак чиҳо пайдо шуд?

Бостоншиносони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Лангардараи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки асри миёнаи Хутали қадим – шаҳри Андичароғро бозёфт кардаанд. Ба иттилои Оҷонсии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, дар он зиёда аз 100 бозёфти бостоншиносии мероси сиккашиносӣ (нумизматикӣ), кулолгарӣ, чубтарошӣ ва оҳангарӣ бозёфт гардидааст. Манбаъ менависад, ҳамчунин дар ин минтақа маркази таълимӣ ё мадраса бо ҷузъҳои ороишӣ […]

Asia-Plus

Бостоншиносони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Лангардараи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки асри миёнаи Хутали қадим – шаҳри Андичароғро бозёфт кардаанд. Ба иттилои Оҷонсии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, дар он зиёда аз 100 бозёфти бостоншиносии мероси сиккашиносӣ (нумизматикӣ), кулолгарӣ, чубтарошӣ ва оҳангарӣ бозёфт гардидааст.

Манбаъ менависад, ҳамчунин дар ин минтақа маркази таълимӣ ё мадраса бо ҷузъҳои ороишӣ ба мисоли кандакорӣ  низ пайдо гардидааст.

Ба иттилои Оҷонсӣ, майдони марказии ин шаҳрак 14 гектар буда, дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар пойгоҳи кӯҳи Варвалак ё Варвализи қадима, ки дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеъ аст, ҷойгир шудааст.

“Дар ин минтақа осори зиёди хоҷагидорӣ, аз қабили сангҳои осиё – ҳам дастӣ ва ҳам обӣ, ки дар шакли бениҳоят суфта сохта шудаанд, бозёфт шудааст. Инчунин аз ин минтақа сиккаҳо низ пайдо шудааст, ки дар айни замон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор доранд”, – навиштааст Оҷонсӣ.

Ба қавли манбаъ, ҳамчунин дар мавзеъи Сариқалъа мадраса ё худ маркази таълимӣ низ бо ҷузъҳои ороишӣ ба мисоли кандакорӣ пайдо шудааст. Сарсутунҳое, ки аз ин мадраса пайдо шудаанд, бо санъати кандакорӣ ва чӯбтарошӣ оро ёфта, 6 метр баландӣ доштаанд, ки бостоншиносон баландии ин иншоотро аз рӯйи сарсутун 6 метр тахмин мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ин сарсутун, аз ҷониби ҳунармандони Хутали қадим кандакорӣ шуда, дар он навиштаҷот низ ҳаккокӣ шудааст. Ба қавли Оҷонсӣ, навиштаҷоти ҳаккокишуда аз ҷониби таърихинигорон омӯхта мешавад.

Ёдрас мешавем, ки Оҷонсии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ дар нишасти охири худ дар моҳи июл гуфта буд, дар марҳилаи азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихӣ давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар 10 ёдгории нав дарёфт ва сабт шудааст.

Бояд гуфт, моҳи июли имсол 11 ёдгории мероси фарҳангии “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.