Буҷети Тоҷикистон дар соли 2026-ум 65 млрд сомонӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат чӣ супоришҳо дод?

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишвар, ки дирӯз, 31-уми октябр баргузор шуд, таъкид гардид, ки Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2026 ба ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, он нисбат ба буҷети соли равон 31,2% зиёд мебошад. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин рақам нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2025-ум 15,5 миллиард сомонӣ бештар буда, ба 33,3% маҷмӯи маҳсулоти […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишвар, ки дирӯз, 31-уми октябр баргузор шуд, таъкид гардид, ки Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2026 ба ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, он нисбат ба буҷети соли равон 31,2% зиёд мебошад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин рақам нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2025-ум 15,5 миллиард сомонӣ бештар буда, ба 33,3% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия дар гузоришаш таъкид кардааст, ки лоиҳаи буҷет хусусиятҳои фарқкунанда дошта, дар он як қатор муқаррароти нав ва тағйирот низ пешбинӣ шудааст.

 

44% буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ

Ба навиштаи манбаъ, барои соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ 29,5 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин рақам 44 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 15,1 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.

“Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ 52 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 36 созишномаи амалкунанда ва 16 созишномаи дар сатҳи мувофиқасозӣ қарордоштаро дар бар мегирад”, – менависад хадамот.

Ҳадаф аз таҳияи барнома, ба навиштаи хадамот, амалӣ кардани назорати дахлдор дар самти ҷалби маблағҳои қарзии хориҷӣ ва роҳ надодан ба андӯхти назоратнашавандаи қарзи берунӣ мебошад.

 

Супоришҳои раисҷумҳур

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дастур додааст, ки барои афзун кардани даромад ба буҷет чораҳои зерин андешида шавад:

– Тезонидани раванди рақамикунонӣ;

– Гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳама соҳаҳо;

– Истифодаи васеи технологияҳои муосир дар гузаргоҳҳои сарҳадию гумрукӣ.

 

Дар маҷлис, ҳамчунин, "Барномаи давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030 тасдиқ шудааст". Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм таъкид кардааст, ки барнома барои идома бахшидан ба дастгирӣ ва рушди илм, баланд бардоштани самаранокии таҳқиқот ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ таҳия гардидааст.

Ҳамчунин, пешниҳоди ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тавилдара, омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баррасӣ шудааст.

Дар идома, таъсиси “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Хуталон” тасдиқ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо дар давраи зимистон, ҷамъоварии меваю сабзавот, захираи кофии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ ва вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастур додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов