Пиряхи “Деҳдал” дар се рӯз 72 метр ҳаракат кардааст. Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳолати онро “пешгӯинашаванда” мегӯяд

Пиряхи “Деҳдал”, ки чанде пеш пораи бузургаш канда шуда буд, ҳанӯз дар ҳаракат будааст. Оҷонсии ҳавошиносии кишвар рӯзи 5-уми ноябр хабар додааст, ки давоми се рӯзи охир ин пирях 72 метр ба поён ҳаракат кардааст. Оҷонсӣ дар натиҷаи таҳлили аксҳои моҳвораии рӯзҳои 1-3-юми ноябр муайян кардааст, ки пирях то ба ҳол дар ҳолати номувозинатӣ буда, […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Пиряхи “Деҳдал”, ки чанде пеш пораи бузургаш канда шуда буд, ҳанӯз дар ҳаракат будааст. Оҷонсии ҳавошиносии кишвар рӯзи 5-уми ноябр хабар додааст, ки давоми се рӯзи охир ин пирях 72 метр ба поён ҳаракат кардааст.

Оҷонсӣ дар натиҷаи таҳлили аксҳои моҳвораии рӯзҳои 1-3-юми ноябр муайян кардааст, ки пирях то ба ҳол дар ҳолати номувозинатӣ буда, ҳаракати он идома дорад.

“Ин ҳолат эҳтимоли ба вуҷуд омадани кӯлҳои пиряхӣ ва хатари рахнашавии онҳо, тағйири таркиби оби дарёҳо ва таҳдид ба инфрасохтори поёноб, таъсир ба манбаъҳои оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, афзоиши хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел ва ярчро дорад”, – навиштааст манбаъ.

Оҷонсӣ мегӯяд, ба далели вазъи ноустувори ҳаво ва заминларзаи охир (3-юми ноябр), ҳолати он пешгӯинашаванда арзёбӣ мешавад.

Бояд гуфт, рӯзи 25-уми октябр дар қаторкӯҳҳои “Пётри 1” дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод қисме аз пиряхи бузурги “Деҳдал” канда шуда, ба поён ҳаракат кард. Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн гардида, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб кард.

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сабаби асосии канда шудани пораи пиряхи азими “Деҳдал”-ро “баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ” мегӯяд.

Ин ниҳод навиштааст, имсол дафъаи аввал рӯзи 19-уми сентябр ва сипас 25-уми октябри соли 2025 пиряхи Деҳдал ба ҳаракат даромадааст.

 

Мутахассисони Маркази яхшиносии Оҷонсӣ маълум кардаанд, ки аз пиряхи Деҳдал қисми бузурги ях бо дарозии 1300-1500 метр ва паҳноии 25-50 метр канда шуда, бо суръати 6 метр дар як сония ва ба масофаи 5100-5133 метр ҳаракат кардааст. Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қаблан гуфта буд, ки дарозии ин пиряхи кандашуда ҳудудан 2 километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр аст.

 

Пиряхи “Деҳдал”

Пиряхи ҳаракаткунандаи “Деҳдал”-и ҳавзаи дарёи Сурхоб дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи “Пётри 1” дар баландии 4600 метр аз сатҳи баҳр сарчашма мегирад ва забонаи он дар баландии 3000–3050 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозии он ба 4,8 км ва масоҳаташ ба 1,6 км² баробар аст.

Пиряхи “Дехдал” ба навъи пиряхҳои ҳаракаткунандаи дохилӣ шомил шуда, суръати ҳаракати он аз якчанд сантиметр то якчанд метр дар як сонияро метавонад ташкил диҳад.

Аз пирях дарёчаи Сафедоб ҷорӣ мешавад. Дарозии ин дарёча ба 12-14 км баробар буда, яке аз шохобҳои чапи дарёи Сурхоб ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Дар Тоҷикистон айни ҳол “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” амалӣ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.