Мақомоти Молдова мехоҳанд бо Тоҷикистону Қирғизистон реҷаи раводид ҷорӣ кунанд

Ҳукумати Молдова ният дорад, ки созишнома дар бораи равуои бидуни раводиди шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки 9 октябри соли 1993 дар Бишкек ба имзо расида буд, бекор кунад. Ба иттилои NewsMaker, лоиҳаи қарори аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таҳияшуда рӯзи 12 ноябр дар ҷаласаи ҳукумати баррасӣ мешавад. Дар сурати маъқул дониста шудан, ба […]

Asia-Plus

Ҳукумати Молдова ният дорад, ки созишнома дар бораи равуои бидуни раводиди шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки 9 октябри соли 1993 дар Бишкек ба имзо расида буд, бекор кунад.

Ба иттилои NewsMaker, лоиҳаи қарори аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таҳияшуда рӯзи 12 ноябр дар ҷаласаи ҳукумати баррасӣ мешавад. Дар сурати маъқул дониста шудан, ба парлумон ирсол мегардад.

Дар Вазорат зикр кардаанд, ки ҷорисозии реҷаи раводид танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон пешбинӣ шудааст, зеро Молдова бо ин кишварҳо созишномаи танзимкунандаи тартиби равуои шаҳрвандонро надорад. Байни Молдова ва Русия чунин шартномаи дуҷониба вуҷуд дорад, аз ин рӯ, реҷаи раводид ба шаҳрвандони ин кишвар дахл нахоҳад дошт.

Дар васоити ахбори умум зикр мешавад, ки ин иқдом ба сиёсати Молдова дар самти наздикшавӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва мутобиқсозии сиёсати муҳоҷирату раводид мувофиқи талаботи ин Иттиҳод созгор аст.

Қаблан мақомоти Молдова зикр карда буданд, ки кишвар созишномаҳоеро, ки “барои шаҳрвандон манфиат намеоранд” ва ба масоили муҳим барои кишвар дахл надоранд, бекор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки агар лоиҳа қабул шавад, пас ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рафтан ба Молдова бо мақсади кору таҳсил ё сафарҳои хусусӣ лозим меояд, ки раводид дарёфт кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.